Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

МаърифатТаърих
Аз аввал хондан

ҳангоми ба мазҳаби шиа гузаштанаш навишта бошад, такя менамояд. Ин суханҳоро Файзи Кошонӣ зери таъсири андешаҳои Ибни Ҷавзии Ҳанбалӣ гуфтааст, зеро Ибни Ҷавзӣ низ чунин мешуморид, ки гӯё китоби «Сир-ру-л-оламайн» моли Ғаззолӣ бошад. Вале таҳқиқоти олимон ва пажӯҳишгарон, аз он ҷумла китоби «Ғаззолинома»-и Ҷалол Ҳумой, «Муаллафоту-л-Ғаззолӣ»-и Абдураҳмон Бадавӣ ва ғайраҳо нишон медиҳанд, ки ин китоби Ғаззолӣ нест.

Тавзеҳи кӯтоҳи Файзи Кошонӣ дар пешгуфтори асараш аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ихтилофи вай бо Ғаззолӣ дар атрофи ду эътиқоди аслӣ ва гавҳари давр хӯрда, тамоми ихтилофоти дигари вай дар атрофи меҳвари онҳо зуҳур кардаанд. Якум, ин ихтилофи мазҳабӣ ҳаст, зеро агар Ғаззолӣ ҷонибдори мазҳаби Шофеӣ бошад, Файзи Кошонӣ ба мазҳаби исноашאַרӣ тааллуқ дошт. Дуввум, ин зиддияти эътиқодӣ мебошад. Чӣ тавре ки аз осори Ғаззолӣ бармеояд таваҷҷӯҳи асосии вай ба аҳли тасаввуф ва тариқати онҳо равона гардида бошад, вале ақидаҳои Файзи Кошонӣ зидди ирфон мебошанд. Аз ин рӯ тамоми ҳикоётеро, ки Ғаззолӣ доир ба сӯфиён овардааст, вай аз «Эҳёу улуми-д-дин» берун сохта, ақидаву андешаҳои хешро бар зидди онҳо баён менамояд. Илова бар ин дар масъалаҳои фиқҳ ва усул низ зидди Ғаззолӣ баромада, ба қавли худ ба пок сохтани «Эҳёу улуми-д-дин» даст мезанад ва гӯё ҷомаи «таҳзиб»-ро бар тани он мепӯшонад.

Дар асл бошад сарфи назар аз он ки Файзи Кошонӣ дар илми дин дониши хуб дошт, лекин чун «Эҳёу улуми-д-дин» асаре эҷод карда наметавонист. Ӯ хеле хуб дарк намуда буд, ки китоби «Эҳёу улуми-д-дин» китоби бузург буда, таъсири он ба дардҳои замонаи вай хеле зиёд хоҳад буд. Аз ин лиҳоз Файзи Кошонӣ аз ин

пешина
аз 567
навбатӣ