Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Ва чизе, ки нафису марғуб ва азизу матлуб бошад аз се қисм берун набвад: ё аз барои зоти он чиз матлуб бошад, ва ё аз барои ғайри он, ва ё ҳам аз барои зот ва ҳам аз барои ғайр. Ва он чи барои зот матлуб бошад фозилтар ва шарифтар бувад аз он чи барои ғайр матлуб бошад.

Ва он чи барои ғайр матлуб аст зару сим аст, чи он ду санганд, ки дар айни эшон манфаате нест ва агар на он астӣ, ки қазои ҳоҷат ва мақосиди халқ ва баромади муродот ва матолиби башар [ро] Ҳаққ-субҳонаҳу ва таъоло [бадонҳо] манут ва марбут гардонидааст, ва илло бо сангреза баробар будандӣ. Ва аммо он чи барои зот матлуб аст саодати охират аст ва лаззати дидани Борӣ - субҳонаҳу ва таъоло. Ва аммо он чи ҳам барои зот ва ҳам барои ғайр матлуб аст, чун [саломати] тан аст, чи сиҳҳати пой, масалан, ҳам аз он рӯй матлуб аст, ки халос аст аз дард ва ҳам аз он рӯй, ки рафтан бад-ӯ мутамашшӣ шавад1 ва ба воситаи он хусули матолиб ва найли мақосид муяссар гардад.

Ва бад-ин эътибор чун дар илм назар кунӣ, ӯро дар нафси хеш лазизбинӣ, пас матлуб лизотиҳӣ бувад ва маъазолик ӯро зариъати2 саодати охират ва василати қурби ҳазрати Борӣ - субҳонаҳу ва таъоло - ёбӣ ва вусул бад-он ҷуз бад-ӯ хусул напазирад. Ва ҳеҷ чиз дар ҳаққи одамӣ он азамати мартаба ва рифъати манзалат надорад, ки саодати абадӣ. Пас, фозилтарин чиз он бошад, ки ба василати он бад-ӯ тавон расид ва расидан бад-ӯ ҷуз ба илму амал муяссар нашавад ва амал натавон, то илм ба кайфияти амал ҳосил нагардад.

ПАС, асли саодат дар дунё ва охират илм аст. Пас, илм афзали аъмол аст. Ва чӣ гуна афзали аъмол набошад, ки фазилати чизе ба шарафи самараи он ҳам битавон шинохт? Ва донистай, ки самараи илм қурби ҳазрати Ҳаққ - субҳо-

1 Мутамашшӣ шудан — ҷараён ёфтан, сомон пазируфтан.
2 Зариат — васила.

пешина
аз 567
навбатӣ