Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
ШАВОХИДИ АҚЛӢ
Мақсуд аз ин боб шинохтани фазилати илм аст. Ва то ҳақиқати фазилат дар нафси худ дониста нашавад ва мурод аз он муҳаққақ нагардад, мумкин нашавад, ки иттисофи илмҳои ғайри ӯ бад-он битавон донист1. Чи ҳар кӣ надонад, ки ҳикмат чӣ бошад ва пеш аз донистани он хоҳад, ки бидонад, ки Зайд ҳаким аст ё на, аз масолики савоб удул карда бошад ва дар маҳолики хато шурӯъ намуда. Пас, фазилат муштак аст аз фазл ва фазл афзуниро гӯянд. Ва чун ду чизро дар коре мушоракат бошад ва як чиз аз он махсус бувад ба мазиде, ки дар он мазид камоли он чиз бошад, гӯянд, ки махсус ба мазид фозилтар аст; чунон ки гӯянд: «Асбро бар дарозгӯш фазл аст», яъне дар бор бардоштан [22] мушорики дарозгӯш аст ва дар қуввати карру фар ва шиддати давидан ва ҳусни сурат мазияте дорад. Ва агар фарз кунӣ, ки дарозгӯше ба шиканҷе зоид махсус бошад, вайро афзал нагӯянд, зеро ки он зиёдатӣ аст дар ҷисм ва ҳайвон аз барои маъNӣ ва сифот матлуб аст, на аз барои ҷисм.
Ва чун ин маъNӣ бидонистӣ, бар ту пӯшида нашавад, ки илмро дар зоти худ фазилатест. Чун онро ба сифоти дигар изофат кунӣ, чунон ки асбро фазилатест, чун онро ба ҳайвоноти дигар нисбат диҳӣ, бал шиддати давидан фазилатест дар асб бахусус, на ала-л-итлоқ; ва илмро дар зоти худ ала-л-итлоқ фазилат аст, бе изофате муайян, чи он сифати камоли Борӣ - субҳонаҳу ва таъоло - аст ва шарафи малоикаву анбиё бад-он аст. Бал асберо, ки дар вай фароҳате бошад, фазл аст бар асбе, ки дар вай балодате бувад. Пас, маълум шуд, ки фазилати илм бад-он аст ала-л-итлоқ бе изофат.
1 МАТНИ АРАБӢ: ва лам ятаҳаққақ ал-мурод минҳо лам ямкин ан тазлама вуҷуду ҳосифати ли-л-илми ав лигайрих...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё