Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

дар як муҷаллад ба риштаи таҳрир даровардам»1. Баъд аз Ғаззолӣ бародараш имом Аҳмад Ғаззолӣ низ дар асари «Лубобу-л-эҳё» бо усули равиши хоссаи худ «Эҳёу улуми-д-дин»-ро мухтасар намуд.

Ба ҳамин тариқ баёни мухтасари «Эҳёу улуми-д-дин» ба ҳукми анъана даромад ва баъд аз Ғаззолӣ ва бародараш донишмандони қарнҳои мухталиф аз қабили Аҳмад ибни Мӯсо (ваф. 622ҳ./1225м.), Муҳаммад ибни Саъди Яманӣ, Муҳаммад ибни Умар ибни Усмони Балҳӣ, Абдулваҳҳоб ибни Алӣ Хатиби Марогӣ, Ҷалолуддини Суютӣ, Шамс Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҷаъфар машҳур ба Билодӣ (ваф. 820ҳ./1417м.), ки шайхи яке аз хонақоҳҳои Миср буд ва бисёри дигарон даст ба таълифоти осоре заданд, ки дар онҳо «Эҳёу улуми-д-дин» ба тариқи мухтасар ва бо лаҳни барои давру замони худ маълум баён гардидааст. Дар байни муаллифони зикршуда асари Шамси Билодӣ мувофиқи баҳои тамоми муҳаққиқони осори Ғаззолӣ беҳтарин асар ба шумор меравад, зеро ин донишманд нисбат ба дигар муаллифон тавонистааст моҳияти аслии ин асари пурқиммати Ғаззолиро дар шакли мухтасар баён созад.

Дар боби шарҳи «Эҳёу улуми-д-дин» низ китобҳои муҳимме таълиф ёфтаанд. Дар байни онҳо асари яке аз ҷонибдорони Ғаззолӣ Саид Муҳаммад Хусайний маъруф ба Муртазои Забидӣ (1145-1205ҳ./1732-1791м.) «Итҳофу-с-содоти-л-муттақин» мебошад. Ин шарҳи бузург дафъаи аввал соли (1302ҳ./1885м.) дар 13 ҷилд ва бори дигар дар Қоҳира соли (1311ҳ./1893м.) дар 10 ҷилд ба табъ расид. Китоби дигари арзандае, ки дар боби шарҳи асари Ғаззолӣ таълиф ёфтааст, ин «Рӯҳу-л-эҳё»-и Иб-

1 Ғаззолӣ. Ал-муршиду-л-амин ило мавъизати-л-мӯъминин (муҳтасари «Эҳёу улуми-д-дин»). Тарҷума ва таҳқиқи Муҳаммад Солеҳ Саъидӣ. Интишороти Курдистон. Санандаҷ: 1387. – С. 19.

пешина
аз 567
навбатӣ