Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

ҳадисҳо дар «Эҳёу улуми-д-дин» мебошад, таълиф намуд. Баъд аз Имом Зайниддин шогирди вай Шаҳобиддин ибни Ҳаҷари Асқалонӣ низ китобе дар баёни муҳтавои осори устодаш навишт.

Доир ба ҳадисҳое, ки Ғаззолӣ дар «Эҳёу улуми-д-дин» овардааст, дар асарҳои баъдӣ низ таҳқиқоти зиёде навишта шудаанд, ки дар байни онҳо китоби шайх Қосими Ҳанафӣ «Таҳофуту-л-Эҳёи фи мо фота мин тахриҷи аҳодиси-л-Эҳёи» мақоми арзанда дорад. Субкӣ низ дар «Табақоту-ш-шофеияти»-и худ як фасли мустақилро роҷеъ ба ҳадисҳои «Эҳёу улуми-д-дин» бахшидааст.

Як нуктаро зарур аст дарҷ намоем, ки баёни мухтасари «Эҳёу улуми-д-дин» низ дар байни донишмандон ва муҳаққиқон хеле ривоҷ пайдо намуда буд ва аввалин шахсе, ки доир ба ин асар баёни мухтасар навишт ин худи Ғаззолӣ буд, ки дар асараш таҳти унвони «ал-Муршиду-л-амин ило мавъизати-л-мӯъминин» кӯшиши зиёде намудааст, мӯҳтавои аслии асари бузурги худро ба тариқи мухтасар пешкаши доништалабон созад. Ғаззолӣ дар «Муқаддима»-и муаллиф меорад: «Аз он ҷо, ки дар миёни осору навиштаҳоям, китоби «Эҳёу улуми-д-дин» дорои ҳаҷми зиёд мебошад ва аз ҷиҳати дигар ҳамлу нақл ва мутолиаи тамоми он низ барои иддае душвор аст, лизо бар он шудам, ки хулосае аз тамоми матолиби китобро истихроҷ намоям ва дар ихтиёри ҳамагон қарор диҳам. Аз ин рӯ бо орзуи тавфиқ аз Худои мутаъол ва талаби хайру баракат аз Ӯ ва бо дуруду салом бар хотами паёмбарон Ҳазрати Муҳаммад, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, ба хотири ифодаи беҳтар ва бештар, ба анҷоми чунин коре иқдом намудам ва гузидае аз тамоми матолиби онро дар китоби ҳозир, дар чиҳил боб ва як хотима ба сабки сиёқи «Эҳёу улуми-ддин»

пешина
аз 567
навбатӣ