Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

МаърифатТаърих
Аз аввал хондан

-Пешгуфтори мураттиби чопи форсӣ ва мутарҷимон-

  1. Абдулғофир ибни Исмоили Форсии Нишопурӣ (451 – 529 ҳ.қ.), муаллифи китоби «ас-Сиёқ» дар таърихи Нишопур, ки бо Ғаззолӣ муосир будааст;

  2. Ибни Асокир, муаллифи «Таърихи Димишқ» (499-571 ҳ.қ.), ки дар китоби таърихи ҳаштодҷилдии худ аз Ғаззолӣ ва осораш низ ёд кардааст;

  3. Ибни Ҷавзӣ (Абулфараҷ) (508-597 ҳ.қ.), ки дар бораи Ғаззолӣ ва осору ақоидаш дар китоби «ал-Мунтазам»-и худ гуфтугӯ кардааст;

  4. Сабт ибни Ҷавзӣ (581-653 ҳ.қ.), ки дар китоби худ ба номи «Миръоту-з-замон фи таърихи-л-аъён» дар бораи Ғаззолӣ ва осораш баҳс кардааст;

  5. Ибни Ҳалликон (Шамсуддин Абулаббос Аҳмад) (608-681 ҳ.қ.), ки дар китоби «Вафаёту-л-аъён ва анбоъ абнои-з-замон» шарҳе дар бораи Ғаззолӣ овардааст;

  6. Тоҷиддин Абӯнаср Абдулваҳҳоби Субкӣ (727-771ҳ.), ки дар китоби «Табақоту-ш-шофеияти-л-кубро» муфассал ва машруҳ дар бораи Ғаззолӣ ва осораш сухан гуфтааст;

  7. Тош Куброзода (даргузаштаи 962/1554 мелодӣ), ки дар китоби «Мифтоҳу-с-саодат»-и худ аз Ғаззолӣ ва осораш ёд кардааст;

  8. Муртазо Забидӣ (1145-1205ҳ.), ки дар муқаддимаи худ ба шарҳи даҳҷилдии «Эҳёу улуми-д-дин» ба номи «Итҳофу-с-содату-л-муттакин би шарҳ асрор «Эҳёу улуми-д-дин» дар бораи Имом Муҳаммади Ғаззолӣ ва осораш баҳси дақиқ ва олимона кардааст, баҳсе, ки дар саросараш нишонаҳои диққат, садоқат ва амонати илмӣ ба чашм мехӯрад. Ин шореҳи моявар 78 асар аз осори Ғаззолиро ба тартиби ҳуруфи алифбо, бар асоси ҳарфи аввали ҳар китоб танзим кардааст ва пеш аз ҳамаи китобҳои Ғаззолӣ аз китоби «Эҳёу улуми-д-дин»-

пешина
аз 567
навбатӣ