Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан
  • Пешгуфтори мураттиби чопи форсӣ ва мутарҷими он -

шудааст. Дар ин китоб аз 457 китоби аслӣ ва мансуб ва машкук ёд шуда, ки муаллиф 72-тои онҳоро бетардид аз они Ғаззолӣ дониста ва дар сиҳҳатии бақия тардид намудааст:

  • Аз шумораи 73 то 95 номи китобҳое аст, ки машкук аст аз Ғаззолӣ буда бошад;

  • Аз шумораи 96 то 127 номи китобҳое аст, ки ба эҳтимоли зиёд аз Ғаззолӣ нест;

  • Аз шумораи 128 то 224 номи фасле ё бобе аз китобҳои Ғаззолӣ аст, ки нораво ба ҷои китоби мустақил ба номи вай сабт шудааст;

  • Аз шумораи 225 то 273 номи талхиси китобе аз китобҳои Ғаззолӣ аст ё номи китобҳои раддӣ ва интиқодӣ аст, ки дигарон бар осори Ғаззолӣ навиштаанд ва ба хато ба номи вай сабт шудааст, монанди «Талхиси»-и «Эҳёу улуми-д-дин», ки Ибни Ҷавзӣ онро талхис ва тадвин кардааст;

  • Аз шумораи 274 то 379 номи китобҳое аст, ки ба унвони шарҳу ситоиш дар бораи осори Ғаззолӣ таълиф ва тадвин шуда ва муаллифи онҳо номаълум мондааст, монанди китоби «ал-Интисор лимо вақаа фи-л-Эҳё мина-л-асрор»;

  • Аз шумораи 381 то поёни китоб номи нусхаҳои хаттии мавҷуд аз осори Ғаззолӣ ва мансуб ба ӯст, ки дар китобхонаҳои ҷаҳон мавҷуд аст.

ТАЗКИРАНАВИСОНИ МУСУЛМОН ВА ҒАЗЗОЛӢ

Чун дар ин мухтасар баршумурдани номи ҳамаи муаррихони исломӣ, ки дар бораи Ғаззолӣ ва осораш баҳс кардаанд, мумкин нест, ногузир аз чанд донишвари номвар ном мебарем:

пешина
аз 567
навбатӣ