Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
БОЗГАШТ БА МИЁНИ МАРДУМ
(499ҳ./1105м.)
Аз ин роз ҳам худаш чунин парда баргирифтааст: «Иттифоқ афтод, ки дар шуҳури тисъа ва тисъина ва арбаъа миатин санаи (499 ҳ.) нависандаи ин ҳарфҳо (Ғаззолӣ)-ро таклиф карданд – пас аз он ки дувоздаҳ сол узлат гирифта буд ва зовияеро мулозамат карда – ки ба Нишопур бояд шуд ва ба ифозати илм ва нашри шариат машғул бояд гашт, ки фатрату ваҳн ба кори илм роҳ ёфтааст. Пас, дилҳои азизон аз арбоби қулуб ва аҳли басират ба мусоадати ин [кор] бархостанд ва дар хобу яқзат танбеҳот рафт, ки ин ҳаракат мабдаи хайрот аст ва сабаби иҳёи илм ва шариат. Пас чун иҷобат карда омад ва кори тадрисро равнақ падид шуд ва талабаи илм аз атрофи ҷаҳон ҳаракат кардан гирифтанд, ҳӯссод ба ҳасад бархостанд»1.
Ин ҳасудон, ки Ғаззолӣ ба онҳо ишора кардааст, рӯҳониёни ҳанафимазҳаб будаанд, ки дар дастгоҳи Санҷар шавкату қудрате ёфта ва барои ҳифзи мақому мансаби хеш бо бархе аз фақеҳони моликимазҳаб аз мардуми Тароблуси Ғарб ҳамдостон шуданд, то бузургмарде чун Ғаззолиро бо тӯҳмату найранг аз майдон бадар кунанд, ё аз қудрати шофеимазҳабон барои пешбурди мақосиди худ бикоҳанд. Ғаззолӣ дар номае, ки ба Санҷар навишта, аз бегуноҳии хеш чунин дифоъ мекунад: «Ва аммо ҳоҷати хос он аст, ки ман дувоздаҳ сол дар зовияе нишастам ва аз халқ эъроз кардам. Пас Фахрулмулк – раҳмату-л-Лоҳи алайҳи – маро илзом кард, ки ба Нишопур бояд шуд. Гуфтам: ин рӯзгор сухани ман эҳтимол накунад, ки ҳар ки дар ин вақт калиматулҳақ бигӯяд дару девор ба муъодоти ӯ бархезад. Гуфт: [Санҷар]

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё