Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
лоҳ — бистуҳаштумин халифай Аббосӣ — бар маснади хилофат ширкат ҷуст ва бо вай байъат кард. Худаш дар номае, ки ба соли 504 ҳ. дар посухи Низомуддин Аҳмад навиштааст, зимни ибрози надомат аз зиндагии ҷанҷолӣ ва ашрофии гузаштаи хеш чунин менигорад: «Дар Бағдод аз мунозара кардан чора набусад ва аз саломи дорулхилофат имтиноъ натавон кард»1.
МАРДУМГУРЕЗӢ
(488 ҳ./1095 м.)
Пас аз он ки дар Бағдод ба авҷи шавкату шӯҳрат расид ва дар миёни хоссу омм мақоми бартар аз ҳама пайдо кард, дарёфт, ки аз ин роҳ наметавон ба осоиш ва оромиши рӯҳӣ расид. Пас аз тардиди бисёр саранҷом дунболарави суфиёни ворастаи бе ному нишон шуд. Ва ба баҳонаи зиёрати Каъба пинҳону жандапӯш аз Бағдод берун рафт, чанде бо гумномӣ ба ҷаҳонгардӣ пардохт ва ду сол дар Ҳиҷозу Шом ва Фаластин бо хештани хеш ба хилват нишаст, то дорӯи дарди дарунии худро пайдо кунад. Ба таърихи ин гӯшанишинӣ низ дар посухи Ғаззолӣ ба номаи Низомуддини Аҳмад чунин ишора рафта: «Чун бар сари турбати Халил-алайхи-с-салом расидам дар санаи тисъа ва самонин ва арбаа миатин (489 ҳ.) ва имрӯз қариб 15 сол аст – се назр кардам, яке он ки аз ҳеҷ султоне ҳеҷ гуна моле қабул накунам ва дигар он ки ба саломи ҳеҷ султоне наравам ва севвум он ки мунозара накунам. Агар дар ин назр нақз оварам, дил ва вақт шӯрида гардад² ...»
1 Макотиби форсии Ғаззолӣ. – С. 45.
2 Макотиби форсии Ғаззолӣ. – С. 45.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё