Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
худро ба нерӯи дониш саркӯб кард ва дар ҷадалҳои илмӣ сухани хешро бар курсии пирӯзӣ нишонид, аксари фақеҳон ва мутакаллимон ба бартарии ӯ гардан ниҳоданд ва дар пешгоҳи фазли вай фурӯтан шуданд. Овозааш ҷаҳонгир шуд. Дастури донишваре чун Хоҷа Низомулмулк ба ҳимояташ бархост ва дар бузургдошти вай кӯшид, лақаби «Зайнуддин ва Шарафу-л-аимма» ба ӯ бахшид. Ду бор ӯро ба унвони сафири Маликшоҳ равонаи Бағдод кард ва кифояташро озмуд. Ҳангоме, ки Хоҷа Низомулмулк Ғаззолиро ба устодии Низомияи Бағдод баргузид, вай сию чаҳор сол беш надошт.
УСТОДИ НИЗОМИЯИ БАҒДОД
(484ҳ./1091м.)
Ба ривояти Ибни Ҷавзӣ дар соли 484 ҳ. (1091 мелодӣ) аз Тӯс, ба роҳи Исфаҳон раҳсипори Бағдод гардид1. Муртазо Забидӣ соҳиби шарҳи «Эҳё» менависад: «Ба соли 484 ҳ. бо таҷаммули бисёр вориди Бағдод шуд. Мардуми он ҷо мақдамашро ба гармӣ пазиро шуданд ва ба зудӣ забонзади хоссу омм гардид. Дар маҳофил аз нубуғи саршор ва дониши бисёраш достонҳо гуфтанд ва корвониёне, ки аз Бағдод раҳсипори Шарқу Ғарб мешуданд, барои мардуми ҳар шаҳру диёр аз нубуғу хушёрии вай ҳикоятҳо ривоят мекарданд, то он ки ҳашамат ва шавкаташ ба пояе расид, ки ҳатто дар амирону подшоҳону вазирон асар гузошт ва ононро ба адои эҳтирому фурӯтанӣ водошт».
Дар соли 487 ҳ. Ғаззолӣ яке аз бузургоне буд, ки бо унвони «Ҳуҷҷатулислом» ва устоди баргузидаи Низомияи Бағдод, дар маросими насби ал-Мустазҳир Бил-
1 Ибни Ҷавзӣ, ал-Мунтазам. Ҷилди 9. – С. 55

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё