Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

мо онро аз ту гирифтем, дониши хешро аз даст додӣ ва беилм шудӣ!» Он гоҳ ба яке аз ёронаш фармон дод ва анбони маро пас доданд».

Ғаззолӣ гӯяд: «Ин айёр маломатгаре буд, ки Худованд вайро ба сухан овард, то маро дар кори донишан-дӯзӣ роҳнамо шавад. Чун ба Тӯс расидам се сол ба та-аммул ва пажӯҳиш пардохтам, то ҳамаи таълиқаҳоро ба хотир супурдам ва чунон шудам, ки агар бори дигар дучори роҳзанон шавам аз дониши андӯхтаи худ бена-сиб намонам».

САФАР БА НИШОПУР
(473ҳ./1080 м.)

Он гоҳ аз Тӯс ба Нишопур рафт ва дар шумори шогирдони Имому-л-ҳарамайн Абулмаолии Ҷувайнӣ даромад. Дар маҳзари ин устод чунон кӯшид ва дурах-шид, ки дар шумори беҳтарин шогирдони вай ҷой ги-рифт, ва Имому-л-ҳарамайн пайваста дар маҳофил ба доштани чун ӯ шогирде ба худ меболид.

ПАЙВАСТАН БА ҲОҶА НИЗОМУЛМУЛК
(478ҳ./1085м.)

Чун чароғи зиндагии Имому-л-ҳарамайн ба соли 478 ҳиҷрӣ (1085 мелодӣ) хомӯш шуд, Ғаззолӣ ба лаш-каргоҳи Маликшоҳи Салҷуқӣ, ки дар наздикии Нишо-пур қарор дошт, фаро хонда шуд ва ба хидмати ҳамви-лояти худ Ҳоҷа Низомулмулки Тӯсӣ пайваст. Ҷавони 28-солае буд, ки дар маҳзари он дастури пир бо фақеҳон ва донишварони кӯҳансол ба мунозара пардохт ва му-холифони ақидатии хешро канор зад. Дере напоид, ки шӯҳрат ёфт ва номаш бар сари забонҳо афтод. Душманони

пешина
аз 567
навбатӣ