Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

МаърифатТаърих
Аз аввал хондан

ва бо ривояти ҷумлае аз дигаре чунин ҳикоят мекунад: «Барои ғайри Худой дониш андӯхтем, аммо дониш ҷуз дар хидмати Худой буданро напазируфт».

НАХУСТИН САФАРИ ДОНИШАНДӮЗИ
(468ҳ./1075м.)

Ғаззолӣ ба ҳангоми навҷавонӣ чанде дар шаҳри Тӯс назди Аҳмад ибни Муҳаммади Родконӣ илми фиқҳ омӯхт, он гоҳ раҳсипори Ҷурҷон (ҳудуди Гунбади Қобуси имрӯз) шуд, то аз маҳзари Имом Абӯнаср1 Исмоилӣ (мутаваффои соли 477ҳ.) баҳравар шавад. Дар зумраи шогирдони ин донишвар даромад ва аз дарсҳои вай ёддоштҳои бисёр фароҳам овард, сипас ба Тӯс бозгашт. Се сол дар он ҷо диранг намуд ва ба тааммул ва пажӯҳиш пардохт, то он чиро дар Ҷурҷон шунида ва ёддошт карда буд, ба хотир супурд.

Имом Асъади Меҳанӣ гӯяд: «Аз Абӯҳомиди Ғаззолӣ шунидам, ки мегуфт: «Дар роҳи бозгашт аз Ҷурҷон дучори роҳзанон шудем. Айёрон ҳар чиро, ки бо худ доштем рабуданд. Ман барои боз гирифтани таълиқаҳои худ дар пайи онон рафтам. Сардастаи айёрон чун исрори маро дид гуфт: «Баргард, вагарна кушта хоҳӣ шуд». Ӯро гуфтам: «Тӯро ба он кас, ки аз вай умеди эминӣ дорӣ савганд медиҳам, танҳо ҳамон анбони таълиқаи маро бозпас диҳед, зеро онҳо чизе нест, ки шуморо ба кор ояд». Пурсид: «Таълиқаҳои ту чист?» Гуфтам: «Дар он анбон дастнавиштаҳое аст, ки барои шунидану навиштану донистани онҳо ранҷи сафари дароз бар худ ҳамвор кардаам». Сардастаи айёрон хандиду гуфт: «Чӣ гуна ба донистани онҳо иддао мекунӣ, дар ҳоле ки чун

1 Дар бархе маохиз Абӯлқосим.

пешина
аз 567
навбатӣ