Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

суфимаслак буд, ки барои гузарони зиндагӣ ресмон (нах) фурӯшӣ мекард, яъне пашму пахтаи ҳаллоҷишударо бо дастмузди роиҷ ба занони чархрес месупурд то табдил ба наҳ ё ресмон шавад, он гоҳ риштаҳои омодашударо дар дукони хеш дар шаҳри Тӯс мефурӯхт. Ба ҳангоми падруд аз зиндагӣ ду фарзанди худ, Муҳаммад ва Аҳмадро, ба порсомарде аз ҳаммаслакони худ супурд ва андӯхтаи ночизи хешро таслими вай карду гуфт: «Чун худ аз надоштани ҳунари хатнависӣ андӯҳи бисёр хурдаам, орзӯ дорам аз он чи ман маҳрум мондаам фарзандонам баҳравар гарданд».

Васии дурусткор ба таълиму тарбияти он ду кӯдак пардохт, то мероси андаки падарашон тамом шуд ва аз идораи зиндагии онон фурӯ монд. Он гоҳ бо ихлос ба онон пешниҳод кард то барои гузарони зиндагӣ ва идораи таҳсил дар зумраи туллоби чирабигири мадрасае аз мадориси динии он рӯзгор дароянд ва он ду ин пешниҳодро пазируфтанд.

РОҲ ЁФТАН БА МАДРАСА
(463ҳ./1070м.)

«Бидон, ки ин дойӣ панҷоҳу се соли умр бигзошт, чиҳил сол дар дарёи улуми дин ғаввосӣ кард, то ба ҷое расид, ки сухани вай аз андозаи фаҳми бештари аҳли рӯзгор даргузашт»1. Агар ин гуфтаи Ғаззолиро, ки «чиҳил сол дар дарёи улуми дин ғаввосӣ кард» бипазирем, роҳ ёфтани ӯ ба мадрасаи динӣ ва пайвастанаш ба ҷирғаи олимони дин дар ҳудуди рӯзгори сездаҳ солагӣ мусаллам мешавад. Худаш аз ин роз парда баргирифта

1 Макотиби форсии Ғаззолӣ. Тасҳеҳи Аббос Иқболи Оштиёнӣ. - Теҳрон. – С.4.

пешина
аз 567
навбатӣ