Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
маликест одил ва ман ба нусрати ту бархезам. Имрӯз кор ба ҷое расида, ки суханҳое мешунавам, ки агар дар хоб дидаме гуфтаме: азғоси аҳлом аст. Аммо он чи ба улуми ақлӣ тааллуқ дорад, агар касеро ба он эътироз аст, аҷаб нест, ки дар сухани ман ғарибу мушкил, ки фаҳми ҳар кас бад-он нарасад, бисёр аст. Лекин ман якеам. Он чи дар шарҳи ҳар чӣ гуфта бошам, бо ҳар кӣ дар ҷаҳон аст, дуруст мекунам ва аз ӯҳда берун меоям.
Ин саҳл аст. Аммо он чи ҳикоят кардаанд, ки ман дар Имоми АбӯҲанифа - раҳмату-л-Лоҳи алайҳӣ - таън кардаам, эҳтимол натавонам кард...»1.
Гирд оварандаи макотиби Ғаззолӣ ё муаллифи «Фазоилу-л-аном» дар оғози боби аввали ин китоб аз хурдагирии Ҳуҷҷатулислом бар АбӯҲанифа ба ихтисор сухан гуфта ва ба муаррифии гурӯҳҳое, ки барои озори Ғаззолӣ бо якдигар ҳамдостон шуда буданд пардохта, ки нақли он аз ҳавсалаи ин мақол берун аст.
Муаййидуддин Муҳаммади Хоразмӣ низ яксаду понздаҳ сол пас аз даргузашти Ғаззолӣ дар муқаддимае, ки ба тарҷумаи форсии «Эҳёу улуми-д-дин» навишта, ошкоро ёдовар шуда, ки ҳанӯз қадҳу таън дар ҳаққи Ҳуҷҷатулислом аз сӯи тоифае, ки чашми басираташон кӯр гашта, ривоҷ дорад, аммо ҳар чӣ дар ин кор бештар гулув менамоянд, рағбати мардумон дар таҳсили ҳақ зиёдат мешавад2.
ДАР КАНОРИ МАРДУМИ ДИЁРИ ХУД
Пас аз он ки васвасаи номардумон дар дили Султон Санҷар асар гузошт, ин подшоҳ кас фиристод «Ҳуҷҷатулислом»-ро, ки дар зодгоҳи худ, Тобирони Тӯс ба
1 Макотиби форсии Ғаззолӣ. – С. 10
2 Ҳамин тарҷума. – С. 9.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё