Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

фи-л-мантиқ», «Маҳаку-н-назар фи илми-л-мантиқ», «ал-Мақсаду-л-асно фи шарҳи ас мои-л-Лоҳи-л-ҳусно», «ал-Аҷвибату-л-мускита», «Мизону-л-амал», «Ҷавоҳи-ру-л-Қуръон», «ал-Мункиз мина-з-залол» ва «Илҷому-л-авомм» пардохтааст.

Кори шурӯъкардаи Луи Масинонро муҳаққиқи дигари амрикоӣ Чорҷ Ҳарони дар мақолаи «Тартиби осори Ғаззолӣ» идома медиҳад. Ин мақола дар соли 1959 дар маҷаллаи «Анҷумани ховаршиносии Америка» ба табъ расида буд. Вале нисбат ба вай Асин Паласиос (Asin Palacios) дар китоби муфассале, ки дар чаҳор ҷилд ба забони испанӣ бо номи «Рӯҳонияти Ғаззолӣ» тайи солҳои 1934-1941 дар Мадрид чоп гардид, доир ба осори асл ва сохтае, ки ба Ғаззолӣ нисбат медиҳанд, баҳсҳои илмӣ намудааст. Вай дар ҷилди чаҳоруми ин китоб аз саҳифаи 385 то 390 дар бораи китобҳои Ғаззолӣ аз ҳар нигоҳ баҳс карда, далоили худро дар мавриди китобҳои зери шак қарордоштаи мутафаккир баён доштааст. Доир ба ин баҳсҳои А. Паласисос дар муқаддимаи асари Абдурраҳмон Бадавӣ «Муаллафоту-л-Ғаззолӣ» ба тафсил сухан меравад.

Баъд аз таҳқиқи арзандаи Паласиос аз мақолаи Монтгомери Вот (W.M.Wott) метавон номбурд, ки дар соли 1952 зери унвони «Дурустии осори мансуб ба Ғаззолӣ» ба табъ расид ва пажӯҳишгари аврупоӣ дар мақолаи хеш баҳсро дар атрофи осори мавҷудаи Ғаззолӣ бо меъёрҳои тозатаре идома медиҳад.

Қобили тазаккур аст, ки нахустин китобшиносии муфассали Ғаззолиро М. Буиж (M.Boyges) тадвин намудааст. Муҳаққиқ кӯшидааст барои тартиби таърихи осори Ғаззолӣ ва дар ин ҷода такмил додани кори ховаршиносии аврупоӣ роҳи беҳтареро пеш гирад. Аммо, мутаассифона, пеш аз он ки ҳосили кораш ба нашр расад аз олам дар мегузарад ва таҳқиқоти ӯро муҳаққиқи Лубнонӣ Мишел Аллорд (R.P. Michel Allord) ба андозае такмил намуда, дар соли 1959 ба табъ мерасонад.

Дар соли 1961 ду сол баъд аз таҳқиқи М. Буиж яке аз донишмандони мисрӣ ва муҳаққиқони барҷастаи осори Ғаззолӣ Абдурраҳмон Бадавӣ бо истифода аз осори ховаршиносон китоби хеле муҳими худ «Муаллафоту-л-Ғаззолӣ»-ро нашр мекунад. Ин китоб ба муносибати ҷашнвораи нӯҳсадумин соли таваллуди Ғаззолӣ интишор гардидааст. Бояд зикр намуд, ки китобшиносии Бадавӣ муфассалтарин асаре аст, ки то кунун дар бораи осори Ғаззолӣ ба чоп расидааст. Бадавӣ аз 457 китобе, ки дар таҳқиқоташ зикр намудааст 72-тои онро, қатъан моли Ғаззолӣ дониста, боқимондаашро машкук мехонад. Албатта, дар ҳамин 72 унвон осоре, ки муаллиф онҳоро «Кутубун мақтуъин бисиҳҳати нисбатиҳо ила-л-Ғаззолӣ» мехонад, ихтилофи назар вуҷуд дорад. Масалан, зери шумораи шастуҳафтум китоби «Сирру-л-оламин»-ро оварда, онро аз осори асили Ғаззолӣ хондааст, вале чанд саҳифа баъдтар зери шумораи наваду якум дубора ҳамин китобро ҷузъи осори машкуки мутафаккир донистааст. Як нуктаи муҳимро бояд зикр кард, ки ҳам Голдсиер ва ҳам Ҷалол Ҳумой қатъан рад кардаанд, ки ин асар ба Ғаззолӣ мансубият надорад. Зери шумораи сиюм як номаи кӯтоҳи даҳсатраи Ғаззолиро Абдурраҳмони Бадавӣ ба нақл аз «Тазкирату-ш-шуаро»-и Давлатшоҳи Самарқандӣ ҷузъи осори Ғаззолӣ номидааст, аммо дар охири китоби худ зери шумораи сесаду чилу шашум асари «Фазоилу-л-аном»-ро, ки маҷмӯаи мактубҳои форсии мутафаккир мебошад, ҷузъи осори номаълуми Ғаззолӣ ном бурдааст.

Баъд аз китобшиносии Бадавӣ муҳаққиқи эронӣ

пешина
аз 567
навбатӣ