Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
дар мақолаи «Зиндагии Ғаззолӣ», ки ба забони англисӣ дар соли 1899 дар маҷаллаи «Анҷумани ховаршиносии Америка» чоп гардид, доир ба қисмате аз асарҳои сохтаву тақаллубие, ки мансуб ба Ғаззолӣ медонанд, таҳқиқоти хуберо анҷом додааст. Гарднер (Gairdner) бошад дар китоби «Осори Ғаззолӣ», ки дар соли 1919 дар Мадрас ба табъ расид, пиромуни осори мутафаккир фикрҳои хубе баён намуда, қисмати зиёде аз онҳоро шарҳу тафсир додааст.
Нахустин муҳаққиқе, ки масъалаи таърихи таълифи осори мухталифи Ғаззолӣ ва тартиби онҳоро матраҳ намуда, ба баҳс пардохтааст ин Луи Масинон (Massignon L.) мебошад. Вай дар китоби «Маҷмӯаи матнҳои нашрнамуда доир ба таърихи тасаввуфи исломӣ», ки дар соли 1929 дар Париж чоп гардид, зиндагии Ғаззолиро ба чаҳор давра тақсим намуда осореро, ки мутафаккир дар ҳар як даврае, навиштааст бо зикри таърихи таълифи онҳо бармешуморад.
Луи Масинон таълифи осори Ғаззолиро дар чаҳор марҳила ба тартиби зерин танзим кардааст:
Марҳилаи I – солҳои 478-484ҳ./1085-1091м. Дар ин давра китоби «ал-Вачиз»-и Ғаззолӣ таълиф шудааст.
Марҳилаи II – солҳои 484-488ҳ./1091-1095м. Дар ин марҳила Ғаззолӣ асарҳои «Мақосиду-л-фалосифа», «Таҳофуту-л-фалосифа», «ал-Иқтисод фи-л-эътиқод» ва «Фазоилу-л-ботиния»-ро таълиф намудааст.
Марҳилаи III – солҳои 492-495ҳ./1099-1102м. Ғаззолӣ дар ин солҳо «Эҳёи улуми-д-дин»-ро, ки қаблан оғоз карда буд ба анҷом расонида, китобҳои «ал-Мустасфо мин илми-л-усул», «Кимиёи саодат», «Раббу-л-оламин» ва «Ҷаннату минҳоҷи-л-обидин»-ро менависад.
Марҳилаи IV – солҳои 495-505ҳ./1102-1111м. Дар ин марҳила Ғаззолӣ ба нигориши китобҳои «Меъёру-л-улум»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё