Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

Дар тасвири нависанда калимаҳои узбекӣ бо тақозои услуб истифода шудаанд. Аз ин ҷиҳат дар асар нисбат ба калимаҳои узбекӣ шакли тоҷикии онҳо бисёртар ба назар мерасанд. Калимаи қаровул агар дар асар дар 3 ҷой истифода шуда бошад, муродифи тоҷикии он посбон дар 15 ҷой кор фармуда шудааст.

  1. Гурӯҳи дигари калимаҳои узбекӣ калимаҳое мебошанд, ки онҳо муродифи тоҷикии худро надоранд, ё дошта бошанд ҳам, мазмун ва маънои махсуси калимаи узбекиро ба таври пурра, аниқ ва айнан ифода карда наметавонанд. Ин калимаҳо ба соҳаҳои гуногуни ҳаёт вобастаанд: овул, яллоқ, яйлоқот, қимиз, илкӣ, ётоқ, қоҷоқ ва монандӣ инҳо. Баъзе аз ин калимаҳо ҳам суффикси тоҷикӣ ва ҳам суффикси арабиро қабул кардаанд: яйлоқот, авулҳо, илқиҳо...

  2. Як гурӯҳ калима, ибора ва зарбулмасалҳои узбекиро нависанда вобаста ба талаботи услуби асар ва ба таври конкрет нишон додани рафти воқеаю ҳодисаҳо истифода бурдааст. Дар истеъмоли ин калимаҳо нависанда принципи шарҳдиҳиро ҳам кор бурда, ҳар як калима ва ибораи узбекиро бо калима ва ибораи тоҷикӣ шарҳу эзоҳ додааст, ки ин тарзи шарҳдиҳиро дар истеъмоли калимаҳои русӣ-интернационалӣ низ мушоҳида карда будем: ...ваде "лядуз кӯшки" яъне қасри ситора, ки маҳалли иқомати султону арки давлатии усионӣ аст, бисёр таъриф дорад (с.39). Туркманон (қаронғу имон) мегӯянд, яъне "имони тоҷик" (с.220). Аскари низомӣ дида нашуд, магар чанд нафар сипоҳии бо таёқ, яъне чӯбдаст (с.208).

Дар асар мақоли узбекии "бир кӯрган ошно, икки кӯрган қариндош" низ кор фармуда шудааст. Ғайр аз ин дар асар ду феъли узбекие истифода шудааст, ки онҳо дар забони тоҷикӣ муродифи худро доранд. Ин феълҳо чопидан ва чекиш мебошанд.

Феъли чопидан маънои тохтан, забт намудан, хароб карданро дорад. Масалан, дар чанд соли қабл бо писари Ёрмуҳаммадхон ҳокими Ғачнувард ҳамдаст шуда, яке аз қалъаҷоти Ҷуҷонро чопида, халқи бисёреро кушта, занҳои ононро асир бурданд. (с.225) Дар ин ҷумла феъли чопидан ба маънои тохтутоз кардан ва забт кардан истифода карда шудааст. Ғайр аз ин феъли чекишлар мушоҳида буд, ки он ҳам эквиваленти тоҷикии худро дорад: чекиш — кашидан.

Дар ҷумлаи: Туркманон чекишлар зироат ҳам мекунанд, чекишлар

пешина
аз 159
навбатӣ