Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳамчун синоним воқеъ мегарданд. Аммо шакли тоҷикӣ гоҳо маънои калимаи русиро пурра ифода карда наметавонад. Чунончи, калимаҳои инқилоб, шӯриш, революция. Нависанда онҳоро аз якдигар фарқ кунонида дар мавқеъҳои муносиб истеъмол намудааст. Ҷолиби қайд аст, ки вобаста ба шароити нави таърихӣ калимаи революция дар асар дохил шудааст: Оташи революсионӣ дар Теҳрон баланд гардид (с. 253).

Баъзе калимаҳои русӣ-интернационалӣ бо калимаҳои тоҷикӣ синоним шуда метавонанд, лекин аз рӯи вазифаи истеъмол ва ифодаи мафҳум аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Масалан калимаи доктор ба ин мисол шуданаш мумкин аст, зеро то пайдо шудани ин калима муродифи тоҷикии он табиб ва ҳаким дар забони тоҷикӣ серистеъмол буд. Вақте ки ин калима ба забон дохил шуд, аз ҷиҳати маъно дар байни калимаҳои доктор ва табибу ҳаким дифференциация ба амал омад. Дар асар ҳар се калимаи номбурда дар мавриди муносиб истеъмол гардидааст: Ҷуолиҷа кардам, ки духтурони Красноводский тааҷҷуб мекарданд (с. 245).

Калимаи русии купец дар асар ба маънои савдогари рус, коммерсант омадааст. Барои ифодаи савдогарҳои маҳаллӣ калимаи арабии туҷҷор ва калимаи тоҷикии савдогар истеъмол шудааст.

То революцияи Октябрь дар забони тоҷикӣ ифодаи номи падар ва фамилияҳо, ба воситаи калима ва суффиксҳои махсуси тоҷикӣ сохта мешуданд. Суффикси «й» бештар тахаллус ва фамилия месохт. Аввалин бор дар забони адабии тоҷик сохта шудани фамилияҳоро бо суффиксҳои русии «ов», «ев», ки ба шаклҳои халқии «уф», «йуф» истеъмол шудааст, дар асари Мирзосироҷ дучор гардидем. Номҳои русӣ, арманӣ, тоҷикӣ ин суффиксҳоро қабул кардаанд: фамилияи мо ҳам мирзо Ҳуруф аст (с. 332). Фомили ӯ Ивануф буд (с. 238). Пулковник Ляхуф ҳукм кард, ки маҷлисро муҳосира кунанд (с. 299).

Ҳодисаи дигаре, ки дар забони хаттии тоҷикӣ бевосита бо таъсири забони русӣ ба амал омадааст, ба кор бурдани аломатҳои китобат - пунктуация мебошад. Дар истифодаи аломатҳои китобат нормаи қатъӣ дида нашавад ҳам, таваҷҷуҳи нависанда дар он аз ҳар ҷиҳат сазовори таҳсин мебошад. Мирзосироҷ дар асари худ 8 аломати китобати: нуқта, вергул, қавсайн, савол, нидо, нуқтавергул, дуқтабнак, ноҳунак ва хитобро истифода кардааст.

Ба ҳамин тариқа, дар охирҳои асри XIX ва ибтидои асри XX

пешина
аз 159
навбатӣ