Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа
чашми худ дида, мафтун мешавад ва дар асараш аз ин хусус бо завқи том сухан меронад. Гуфтаи зерини ӯ дар ин бобат сазовори диққат аст:
“Давлати рус ҳам баъди чандин соли дигар дар ободӣ ва назорат мисли Аврупо хоҳад шуд. Ҳолия ҳам шаҳрҳои обод ва қашанг хеле дорад. Дар тиҷорат ва санъат ҳам хеле тараққӣ намуда. ...Роҳҳои оҳани аз андоза зиёде дорад. Ағлаби онро давлат аз пули хазина сохтааст. Маорифи худро ҳам тараққӣ дода, мактабҳои илмӣ ва санъатӣ дар хокат бисёр аст”27.
Дар адабиёти хаттии пеш аз инқилоб шумораи аз ҳама зиёди калимаҳои иқтибосии русӣ-интернационалӣ, ғолибан, дар асари Мирзосироҷ мушоҳида мешавад. Ин ҳодиса танҳо ба сафари ӯ ба Россия вобаста набуда, балки бо он низ алоқаманд аст, ки ҳангоми таснифи асари мазкур аллакай хеле аз предмет ва мафҳумҳои русӣ ба ҳаёти халқҳои сарзамини мо дохил шуда, алоқамандона бо ин калимаҳои ифодакунандаи онҳо низ дар забон ҷорӣ гашта буд. Нависанда калимаҳои русиро асосан дар шакли асосиашон истифода кардааст. Аксарияти калимаҳои русии кор фармудаи нависанда калимаҳои бевосита иқтибосшуда мебошанд ва бо калимаю ибораҳои тоҷикӣ ивазношавандаанд. Зеро ин калимаҳо предмет ва мафҳумҳои навро ифода мекарданд, ки дар ҳаёти халқ ба тозагӣ дохил шуда буданд. Калимаҳои комиссар, театр, командир, матрос, полковник, партия ва ғайра аз ин қабиланд.
Мирзосироҷ баъзе калимаҳои русӣ-интернационалиро ба тарзи талаффузи гуфтугӯии халқӣ ба асар дохил карда аз ҷиҳати фонетикӣ ба қонуни забони тоҷикӣ мувофиқ кутонидааст. Ҳаминро ҳам ба назар гирифтан даркор аст, ки дар варианти гуфтугӯии халқӣ қабул намудани калима дар он давр ба расмият даромада буд. Дар ин ҷо калимаҳои иқтибосиро чи тарзе ки муаллиф онҳоро истифода бурдааст, бо шакли асосиашон меорем: биржа-бирҷа, адрес-адрис, фамилия-фомилия, электрик-иликтрик, програма-пуругром, кандари-ҷондари, лимонад-лиманот ва ғайра.
Дар асар зиёда аз 200 калима ва ибораҳои русӣ-интернационалӣ истифода шудаанд. Ин калимаҳоро аз рӯи ифодаи мафҳум ба гурӯҳҳои зерин ҷудо кардан мумкин аст:
I. Калимаҳое, ки мафҳумҳои маъмурӣ-идоракунӣ ва рутбаҳои ҳарбиро ифода мекунанд: карол-(қирол)28, император-(императур), кандари-(ҷондорӣ), полиция-(полис), губернатор-(губернатур),

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё