Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа
надонистем, зеро ин зарфҳо аз ҷиҳати хусусият ба зарфҳои макон ва замони забони адабии имрӯзаи тоҷик мувофиқат дорад. Дар асар баъзе зарфҳои замон аз рӯи шакл ва тарзи ифода аз ҳамин хел зарфҳои забони адабии имрӯза баъзан фарқ мекунад. Масалан, дар қатори зарфи ҳоло зарфҳои ҳолия ва ҳоли низ кор фармуда шудааст: Ҳолия ҳам шаҳрҳои обод хеле дорад (с.111). Ҳолия намедонам дар куҷо бошад (с.122). Ҳоли камтар таваққуғ кунад (с.126).
Лекин зарфи ҳоло нисбат ба зарфи ҳолия камистеъмолтар аст:
Ҳоло аз се қарн бештар аст, ки дар тасарруф... афтода (с.26).
Зарфи замони мудом нисбат ба зарфҳои доимо ва ҳамеша дар асар хеле серистеъмол буда, хусусияти гуфтугӯии нақлӣ дорад:
Мудом дар фикри мулкгирӣ ва кишваркушоӣ мебошад (с.112). Ӯ мудом аз паи тасарруфи давлати дигар буд (с.94).
Хусусияти дигари асар дар истеъмоли зарфи замон аз он иборат аст, ки зарфи баъд пасоянди -ро қабул карда, дар шакли баъдро зарфи замон сохтааст. Пасоянди -ро ба ҷои таркиби аз ин истеъмол шудааст ва ин хусусият ба забони адабиёти классикӣ хос мебошад: Баъдро мактубе ба ҳукумат... навишта иҷозаи рафтан... гирифтан (с.144). Баъдро расидем ба Ҳутал (Ҳотел) (с.
70). Баъдро аз асп фаромада, ба яке аз онон асби савории худро додам, ки хунук бикунанд (с.149).
Ин тарзи ифодаи зарф дар забони адабии имрӯза дучор намегардад.
Қайд кардан лозим аст, ки баъзе аз суффиксҳои зарфсози забони адабии ҳозираи тоҷик дар асар истеъмол нашудааст. Ба ин гурӯҳ суффиксҳои -акак, -нокӣ, -акӣ ва -вор дохил мешаванд. Сабаби дар асар истеъмол нашудани суффиксҳои мазкур, аз як ҷиҳат, ба услуби нависанда вобаста бошад, аз ҷиҳати дигар аз забони зинда то андозае дур будани забони адабии ибтидои асри XX-ро нишон медиҳад. Суффиксҳои мазкур бо таъсири забони зинда ба забони адабии пасразволюсионӣ дохил шудаанд ва хусусияти гуфтугӯии халқӣ доранд. Дар ибтидои асри XX ба забони "Туҳафи аҳли Бухоро"-и Мирзосироҷ, "Наводири зиёия"-и Садри Зиё ва "Таърихи ҳумоюн"-и Гулшанӣ истеъмол нашудани ин суффиксҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки забони адабии аввали асри XX процесси акнун ба забони зинда наздикшавиро аз сар мегузаронид, забони адабӣ ба дараҷаи имрӯза ба забони зинда наздик нашуда буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё