Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

хиёнатро билкуллия масдуд гардонида буд (Восифӣ). Борҳо мешуд, ки корҳо билкул муаттал мемонд ("Наводири Зиёия", с.131).

  1. Суффиксҳои -нокӣ, -вор, -акӣ, ки дар забони адабии ҳозираи тоҷик бештар зарфи тарзи амал месозанд, дар асар дучор нагардиданд.

  2. Префикси бе- бо калимаи малол якҷоя омада, зарфи тарзи амал сохтааст: дар тамоми хиёбонҳои он коласка бемалол мегар-дад (с.250). Бояд қайд кунем, ки дар "Грамматикаи забони тоҷи-кӣ" дар калимасозии зарф бо префикси бе- сохта шудани зарфҳо нишон дода нашудааст.

  3. Дар асар бисёр зарфҳои тарзи амал дар таркибҳои зарфӣ омадаанд. Калимаи камол дар сохтани ибораҳои зарфии тарзи амал серистеъмол аст: тамоми шаб бо камоли тундӣ роҳ мерафт (с.31). Меваҷоти дарахти ҳама қисм дар камоли хубӣ мерасад (с.20). Мо-шин бо камоли суръат роҳро тай менамуд (с.106).

  4. Шакли серистеъмоли зарфи тарзи амал шакли таркибии ба воситаи феъли ҳол сохташаванда ба ҳисоб меравад, ки дар асар миқдори зиёдро ташкил мекунад: Аз даруни он гардишкунон ба ис-кадор омадем (с.37). Чуморунилаих хандазанон омада, барал ги-рифта гуфт (с.136). Пиёда сайркунон ба воситаи бозор убур наму-дам (с.90).

Дар забони адабии имрӯза ба ҷои хандазанон бештар хандаку-нон кор фармуда мешавад. Дар асари Садри Зиё шакли рӯйзанон низ дучор гардид ("Наводири Зиёия", ...., с.149).

Зарфи миқдору дараҷа

Дар забони "Туҳафи аҳли Бухоро" зарфҳои миқдору дараҷа сер-истеъмол нестанд. Аксарияти зарфҳои миқдору дараҷа ба воситаи калимаҳои хеле, ниҳоят, бисёр, тамоми, андак, қадар, бениҳоят, ниҳоят ифода ёфтаанд. Хусусан калимаҳои хеле ва бисёр серис-теъмоланд:

Ағлаби он бениҳоят хуб ва дилкаш аст (с.25). Оби ҷорӣ ҳам хеле фаровон аст (с.11). Аз муворунилаих ниҳоят мамнуну муташаккирам (с.68). Берун ва андаруни он бисёр пок ва мусаффо аст (с.55). Қиштӣ андак суст ҳаракат мекард (с.33). Иморати он тамоми сангӣ аст (с.37).

Зарфҳои тақсимӣ низ серистеъмол мебошанд: муҷоҳидин ва машрутаҳони теҳрон ҳам ду-ду, чор-чор шабу рӯз ба ӯрдуи миллӣ ҳамроҳ мешуданд (с.305).

Дар хусуси зарфҳои макон ва замон тавакқуф намуданро лозим

пешина
аз 159
навбатӣ