Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

нишастем (с. 49).

Баъзан калимаҳо дар шакли такрор зарфи тарзи амал сохтаанд: Бо чӯб, санг, корд, ханҷар кушта дар камоли хорӣ ва садама кашон-кашон аз болои иморати назмия поён меоварданд (с. 327). Банда ҳам он чи аз ҳар кас дар ин боб шунида будам, ягон-ягон ба исму расми ҳамаро гуфтам (с. 328). Дар қаҳвахона даҳ-бист нафар деҳотӣ ва саҳроӣ дароз-дароз ҳӯйнда таршёк мекашиданд (с. 116). Шакли такрор суффикси -она қабул карда, зарфи тарзи амал сохтааст: Миллате, ки солҳо дар зери фишор ва зулми ҳукком буданд, ҳама якбора кӯр-кӯрона гуфтанд (с. 255). Матлабро ба ӯ маҳрамона мегӯяд (с. 324).

  1. Зарфи тарзи амале, ки бо суффикси -а сохта шудааст: Аз ин сабаб якбора ҳуҷум карданд (с. 306). Бисёр рӯзҳо савора бо ҳам ба шикори мурғ мерафтем (с. 218).

  2. Зарфи тарзи амале, ки бо суффикси -ӣ сохта шудааст. Дар "Грамматикаи забони тоҷикӣ" суффикси -ӣ-ро танҳо ба калимаҳои тасвирӣ хос аст гуфтаанд36. Дар забони "Туҳафи аҳли Бухоро" ин суффикс бо калимаҳои предметии муайян кор фармуда шудааст: мирзои сипаҳсолор ҷилав рафта қазияеро забонӣ гуфт (с. 142). Амирсоҳиб баъд аз хонда шудани ҳар кадом забанӣ ҳукм мекунад (с. 154). Ба ман супориш кард, ки воқеаи шудагиро забонӣ бигӯям (с. 239).

  3. Зарфи тарзи амале, ки бо суффикси -ан сохта шудааст. Суффикси -ан дар сохтани зарфи тарзи амал роҳи муҳим мебозад. Дар асар бо ин суффикс сохта шудани зарф хеле серистеъмол аст: фавран, муфассалан, маҳбусан, расман, қонунан, илман, фироран, табъан, молан, ҷонан, ботинан, собиқан, баҳран ва ғайра.

Як гурӯҳи муайяни ин зарфҳо дар забони адабии имрӯзаи тоҷик ифода мешаванд, вале зарфҳои илман, молан, ҷонан, фароран, табъан хоси услуби нависанда буда, дар забони имрӯза ба ҷои онҳо таркибҳои ба воситаи илм, аз рӯи илм, ба воситаи мол, ба воситаи ҷон истеъмол мегарданд. Мисолҳо: ҳоҷимуҳаммадро ба тадбир дастгир намуда, маҳбусан нигоҳ дошта ба қатл расонид (с. 229). ҷан аз ҳукумати Эрон қонунан талаби раромати онро мекунам (с. 252). Теҳрон илман ҳамасола дар тараққӣ аст (с. 252). Баъд аз ду рӯз аз тамоми видоят телеграф расид, ки мо ҳама молан ва ҷонан дар ҳимояти машрута ҳозир буда, абадан намегузорем, ки маҷлиси шӯрои миллӣ барҳам хӯрад (с. 297). Он қадар

пешина
аз 159
навбатӣ