Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

мекунад ва ба ҷои он рафта меистанд истеъмол шавад, маъмунан халал намеёбад: Аз барои бонувон дар масҷид як ҷои махсус таъин шуда, ки рафта истода мешаванд (с. 51). Муқоиса: Аз барои бонувон дар масҷид як ҷои махсус таъин шуда, ки рафта меистанд. Соҳибмансабони фавҷ ҳам бо фӯриай расмӣ шамшер ҳамоил намуда омада дар ҷилави асокири ҳар як ба маҳалли худ истоде мешуданд (с. 50).

  1. Яке аз шаклҳои серистеъмол дар забони асар шакли истода буд мебошад. Ин шакли феъл замони гузаштаро ифода намуда, дар аксарияти шахсҳо истифода шудааст: дар дами дари ҳар яки он як солдат бо туфанг истода буд (с. 379). Вақте ки аз дари театр дохил шудем, ходинаҳои зиёде бо либосҳои махсус истода буданд (с. 74). Туркманҳо ҳам дар ду фарсахӣ аз шаҳр са ҷое, ки ӯрдӯ зада буданд, истода буданд (с. 318).

  2. Шакли омада меистад танҳо дар ду ҷумла истеъмол шудааст. Ин шакли феълии замони гузаштаи сиғаи хабарии давомдорро ба хотир меоварад. Феъли омадан дар шакли сифати феълии замони гузашта бо феъли ёридиҳандаи истодан якҷоя омада, амали давомнокро ифода намудааст. Феъли ёридиҳандаи истодан маънои феъли асосиро пурра карда, ба вай маънои иловагӣ додааст, ки давомнокӣ, такрорзёбӣ, ба охир нарасидани амалро мефаҳмонад: Қиштии пӯшилавой ҳам дар вақти убур дар он ҷо омада неистед (с. 284).

Дар асар феъли истодан ҳамчун феъли асосӣ хеле фаровон кор фармуда шуда, дар сиғаи хабарӣ бештар истеъмол ёфтааст.

Феъли истодан на танҳо бо таркибҳои феълии гуногун омадааст, балки дар вазифаи масдар, сифати феълии шакли якум ва дуюм, дар шакли перфект низ истифода шудааст: дар Ашӯрота, ки маҳалли истодани пароходи ҷангӣ ва ... (с. 336). Дар олами сиёсӣ аз ҳама болотар истода, то кунун панҷаи ӯро касе натофтааст (с. 267). Вақте ки инсон дар болои он иморатҳо истад, тамоми шаҳрҳои атроф ва деҳотро бо дурбин сайр мекунад (с. 191). Аз канор то ҷои пароходи ҷангӣ истодагӣ ба қадри як вирст камтар роҳ буд (с. 336).

Хулоса, дар забони “Туҳафи аҳли Бухоро” истеъмоли шаклҳои феълӣ бо ёридиҳандаи истодан ҷои намоёнро ишгол мекунад. Фаровон истифода шудани феъли истодан дар асар ба содабеҳии муаллиф вобастагӣ дорад. Ҳаминро низ бояд қайд кард, ки асар пеш аз революция ба таб расидааст ва дар асарҳои пешазреволюционӣ

пешина
аз 159
навбатӣ