Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

барвақт ба таркиби луғавии забонамон дохил шудааст. Ҳаминро ҳам бояд ба ҳисоб гирифт, ки истодан дар забони асарҳои адабиёти классикӣ ҳамчун феъли ёридиҳанда истеъмол мегардид, ё ба вазифаи феъли асосӣ кор фармуда мешуд? Асарҳои тадқиқотӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки феъли истодан дар аксари асарҳои адабиёти он давра на ҳамчун ёридиҳанда, балки чун феъли асосӣ истеъмол гардидааст. Бинобар ин пеш аз революция дар асарҳои мансур ва манзум феъли мазкур камтар истифода шудааст. Дар забони "Маҷмӯ-ут-таворих", ки дар асрҳои XV-XVI навишта шудааст, низ шаклҳои гирифта истодааст, гирифта истода буд дар чанд ҷумлаҳо дучор мешавад32. Пас аз революцияи октябр шаклҳои феълӣ бо истодан дар асарҳои нависандагон, хусусан аз устод С.Айнӣ сар карда, рӯз аз рӯз вусъат пайдо кард. Пас аз революция серистеъмол гардидани шаклҳои феълӣ бо истодан якчанд сабаб дорад.

Дар ин ҷо пеш аз ҳама масъалаи тамоили демократӣ шуда истодани забони адабии тоҷикро ба назар гирифтан даркор аст, ки ин ба забони гуфтугӯии халқӣ наздиктар шудани он мебошад. Маълум аст, ки вобаста ба ин масъала ба забони адабӣ аз забони гуфтугӯӣ унсурҳои гуногуни он ҳар чӣ бештар дохил шудан гирифтанд. Ба забони адабӣ миқдоран зиёд дохил шудани шаклҳои феълӣ бо истодан низ дар ҳамин замина авҷ гирифт. Феъли истодан чун феъли ёридиҳанда ва ҳамчун феъли асосӣ дар забони зинда аз давраҳои пеш сар карда дар истеъмол буд. Дар ибтидои асри XX бошад дар асарҳои насрӣ истифодаи он миқдоран зиёд шудан гирифт. Фаровон кор фармуда шудани феъли истодан дар асарҳои С.Айнӣ ҷои муайянро иқрол мекунад. Маълум аст, ки устод С.Айнӣ аз "Таҳзиб-ус-Сибъён" сар карда, то асарҳои охиринаш унсурҳои умумӣшавандаи забони зиндаи халқро дақиқ санҷида моҳирона ба кор бурдааст. Дар "Таҳзиб-ус-Сибъён", ки соли 1909 таҳлиф ёфтааст, феъли истодан хеле фаровон истифода шудааст.

Садри Зиё ҳам дар асарҳои худ феъли истоданро ба вазифаи феъли асосӣ ва ёридиҳанда бисёр кор фармудааст: Онҳо шунида харидор шуда, дусад тилло карда истодаанд ("Наводири Зиёия"). Оқсақоле, ки бар болои сари вай истода буд ("Наводири Зиёия"). Аммо маблағи мазкур ба дасти оқсақол истода ("Наводири Зиёия").

Нависандагони советии тоҷик аз С.Айнӣ ибрат гирифта, дар асарҳои худ унсурҳои забони гуфтугӯӣ, аз ҷумла шаклҳои гуногуни феъл ва инчунин феъли ёридиҳандаи истоданро ба таври фаровон

пешина
аз 159
навбатӣ