Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Аз тарафи нависанда истеъмол карда нашудани шаклҳои феълии замони гузаштаи ҳикоягӣ бо суффикси -й (гуфтяндӣ, омадаандӣ), серистеъмолии феълҳои ҳикоягӣ бо префикси -ме-, фаровон кор фармуда шудани сифатҳои феълӣ бо суффикси -гӣ, зиёд будани шаклҳои нақлӣ ва феълҳои таркибии феълӣ, аз як ҷиҳат, ба забони адабии имрӯза наздик будани забони "Туҳафи аҳли Бухоро"‑ро нишон диҳад, аз тарафи дигар, истифода нашудани сиғаи эҳтимолӣ бо суффикси -гист, истеъмоли шаклҳои нақлии нопурра, таркибҳои мешавад гуфт, рафт, хӯрд, дид бо забони насри классикӣ ҳамҳудуд будани онро муайян менамояд. Ин хусусиятҳои забони асар ба ҳолати забони адабии асри XIX ва аввали асри XX мувофиқ буда, далели он аст, ки вай барои омӯхтани забони адабии тоҷик дар ин давра яке аз сарчашмаҳои муҳим ва боэътимод ба шумор меравад.

Феъли истодан

Таҳлил ва тадқиқи ҳаматарафаи феъли ёридиҳандаи истоданро дар кори диссертатсионии Ӯ. Аҳмадова дидан мумкин аст. Муаллиф қайд мекунад, ки "дар давоми асрҳои IX-XIX шаклҳои феълӣ бо ёридиҳандаи истодан ҳамчун норма ба забони адабӣ дохил нашуда буд. Лекин ин шаклҳо дар шева ва лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ дар гузашта низ кор фармуда мешуданд" 29.

Академик Б. Ниёзмуҳаммадов қайд кардааст, ки "феъли ёридиҳандаи истодан пеш аз револютсия фақат аз тарафи ду-се муаллифон ба кор бурда шуда, ба нормаи забони адабии тоҷик дохил нашуда буд. Устод Айнӣ аз рӯзҳои аввали револютсия ба воситаи асарҳои худ ин феълро ба забони адабӣ дохил кардан гирифт 30.".

Гуфтаҳои болоӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки феъли ёридиҳандаи истодан то револютсияи Октябр дар забони адабӣ умумият пайдо накарда буд ва истеъмоли он танҳо пас аз револютсия ҳамчун нормаи забони адабии тоҷик ба эътибор гирифта мешудагӣ буд.

Аз ин рӯ саволе ба миён меояд, ки чаро то революсияи Октябр истифодаи феъли мазкур ҳамчун феъли ёридиҳанда ба нормаи забони адабӣ дохил нашудааст?

Мувофиқи баъзе маълумотҳои дастрас тахмин кардан мумкин аст, ки феъли ёридиҳандаи истодан чун феъли асосӣ хеле

пешина
аз 159
навбатӣ