Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

132 гуфт, хоҳам расид дар таркиби системаи феълӣ ва луғавии асар мавқеи махсус доранд. Феълҳои бояд ва шояд дар забони адабии ҳозираи тоҷик чун феълҳои модалии тасрифнашаванда маълуманд ва онҳо ба тариқи алоҳида, танҳо ва бе феъли дигар тасриф намудан мумкин нест. Шакли қадимии масдарии онҳо боистан ва шоистан мебошад. Феълҳои мазкур ҳамеша чун феъли бешахс истеъмол мешаванд.

Феъли модалии бояд вобаста ба феъли асосӣ дар замонҳои зерин истифода шудааст:

а) феъли бояд вобаста ба феъли асосӣ дар ҳолати ифода намудани амали номуайян, дар сиғаи номуайянӣ омадааст, ки дар он амал ба тариқи умумӣ ҳукм карда мешавад. Иҷрои амал ба охир нарасидааст: Бояд қасос кард (с. 235). Бо пӯшидаи асбӣ бояд сафар кард (с. 12). Бо параход аз даруни наҳри Ҷайхун бояд рафт (с. 205).

б) феъли бояд вобаста ба феъли асосӣ, амалеро ифода менамояд, ки ҳоло ба вуқӯъ наомадааст, гӯянда иҷро шудани онро зарур ва қатъӣ медонад.

Дар ин сурат феъли бояд бо таркиби худ дар замони ояндаи муайян вобаста ба шахс меояд ва каме оҳанги фармон, зарурат ва таъкидро мегирад ва баъзан тобиши маъноии шарту эҳтимоҷро ифода мекунад: Ғайр аз чорво чиҳил савор бояд ба давлат бидиҳанд (с. 225). Имнабро шумо бояд дар ҳамин мошинхона бошед (с. 330). Бояд муҷАССАМАИ ҳар дуро аз тилло бигирем (с. 265).

в) феълҳои шояд ва бояд бо баъзе хусусиятҳояшон аз ҳам фарқ мекунанд. Ин фарқ дар он аст, ки феъли бояд вобаста ба феъли асосӣ оҳанги фармон, ҳукм, қатъият ва заруратро, аммо феъли шояд оҳанги тахминӣ, боварӣ ва тобиши эҳтимолиро ифода менамояд.

Феъли шояд ҳамеша бо феълҳои тасрифӣ меояд. Дар асар тарзи дуюми сиғаи эҳтимолӣ ба воситаи феъли шояд ифода карда шудааст: Гуфтам: шояд бошад (с. 221).

Гоҳо феъли мазкур бо шахси сеюми ҷамъи феъли дигар ҳамроҳ омада, номуайянӣ, эҳтимолии амалро ифода мекунад: Шояд ба худи поҳ гӯянд (с. 302).

Ҳамин тавр, забони “Туҳафи аҳли Бухоро” дар истеъмоли як қатор шаклҳои феълӣ бо вуҷуди баъзе хусусиятҳои фарқкунандаи грамматикӣ бо забони адабии ҳозираи тоҷик умумиятҳои зиёде дорад.

пешина
аз 159
навбатӣ