Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Султон ин ақидаро баён карда, дар айни замон тағйири либос намуд, сипас рафиқашро сахт ба оғӯш кашида, «хуш омадӣ» гуфт ва ӯро ба хонаи нишаст дароварда, дар сари миз бинишонид ва аз портфелаш якта китоби ғафс ва як шиша арақ бароварда илова намуд:
– Шиша барои ҳардуямон. Китоб сад фоиз барои худат:
«Навтарин конструксияҳои оҳану бетон»... Ҳамин лозим буд?
– Ҳамин. Ташаккур ба ту, ҷӯра. Лекин, ошно, як дам сабр кун, ман ҳам одам барин ақаллан якта савол дода, аз ту ҷавоб гирам.
– Марҳамат, дута, сета савол те.
– Ин корҳо ба чӣ маънӣ? Мову ту ба куҷоҳо рафтанӣ будем? Чаро шароб овардӣ? Боз Нигор ҳам ош мепазад...
– Шуд, шуд! Чилу чорта савола қатор кардӣ. Аслан ҳоҷат ба саволу ҷавоб нест. Худам сад фоиз гуфта медиҳам. Гӯш кун, – Султон айнакашро аз чашм гирифта, шишаҳои онро ба рӯмолча пок кард, айнакро ба ҷояш устувор намуда, мӯйлабаки базебашро бо ангуштонаш молида, ҳамвор намуд ва дар ҳамон ҳолате ки дар рӯ ба рӯи Саидбек рост меистод, ба суханаш давом дод: – Илтимоси туя дусад фоиз иҷро кардам. Мана китоб. Ин сад фоизаш. Садтаи дигараш ин ки акнун ба ҳеҷ ҷой рафтани ту лозим нест, туя ба китобхонаи оммавии марказии Тоҷикистон узви доимии имтиёзнок, яъне абонент кунонидам. Холмирзо Шокиров дар ёдат ҳаст? Аз сардорони сохтмони шаҳри Норак буд, а? Ана ҳамон мардаки меҳрубон ҳозир ба нафақа баромадааст, ба китобхона сардор шудааст. Мо ошнобозия лаънат мехонем, лекин ба нафъи кори ҷамоат бошад, аз луфту карами ёру ошно истифода карданро раво медонем. Ҳамту не? Сад фоиз! Илтимос кардам, не нагуфт. Акнун худат фардо ё пасфардо якта сурати майда гирифта, ба наздаш меравӣ. Минбаъд аз китобҳои даркориат бағал-бағал лозим шавад ҳам, рафта бемалол мегирӣ. Маъқул? Аз суробат маълум, ки сад фоиз маъқул. Шуд, миннатдорӣ лозим нест. Акнун гӯш кун,
– бо қиёфаи ҷиддӣ ба суханаш давом намуд Султон гӯё Саидбек то ҳоло ба гӯш кардани нақли ӯ машғул набошад.

пешина
аз 248
навбатӣ