Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Саидбек аз даруни як каф биринҷи ба пештари худ кашидааш фақат як дона шолӣ ёфта тавонист. Вай ба пиёлаи аз курмаку сангчаву донаҳои шолӣ нимашудаи Нигор нигаристу ба ҳунари худ, ба чашми (ба хаёли худ) тез ва дурбинаш шубҳа карда, он як каф биринҷро ба рӯи миз дубора паҳн кард. Дар айни замон аз дил гузаронид, ки хаёлаш ба ҷонибе майл кардааст, ки катъан мамнӯъ аст. Ҳа, худи хозир аз хаёлаш гузаронид, ки Нигори порина гӯё муғҷаи норасидае буд, ҳоло ба ғунчаи навшукуфта мемонад. Хусусан лаҳзае ки мижгонаш, ду бари рухсораш ашколуданд, ба ғунчаи саҳарии садбарги сафеде мемонад, ки шабнами ба рӯяш нишаста дар партави офтоб ба мисли зарраҳои алмос медурахшанд. Хуб нест ин корам, гуфт ба худ, айб аст. Ин духтарак шаш сол хурдтар аст аз ман... Хайр чӣ? – гӯё боз як каси дигар аз куҷое пайдо шуда, эътироз кард. – Дар синну сол хурд будани зан ё арӯс, баръакс, фоли нек мегӯянд-ку...
Боз ба чашмони Нигор пинҳонӣ назар афканд ва дар онҳо ҳамон осори гиряро дида, ба худ гуфт: буза ғами ҷон, қассоба ғами чарбу. Ин духтар дар чӣ хаёлу банда дар чӣ андеша.... – Модар, бародар, ҳама сиҳат-саломатанд? – пурсид Саидбек, ки мехост боиси ошуфтагии Нигорро бифаҳмад.
– Ҳа, саҳат-саломат, – қариб пичирросзанон гуфт Нигор ба аломати тасдиқ сар афшонида ва боз аз бими он ки дар чашмонаш сиришк ҳалқа мезанад, шитобон бархоста, ба даҳлез баромад.
Султон омад.
– Оҳо корҳо сад фоиз! – хитоб кард ӯ ҳанӯз аз таки дар ва бо ҷӯшу ҳурӯши хоси табииаш дарҳол ба гап даромада, аввал Нигорро дар бораи ба чи вазъият расидани палав, сипас Саидбекро оид ба корубораш, сафараш аз Норак то Душанбе саволборон карда ва ба онҳо барои ҷавоб гуфтан фурсате надода, бо овози баланд чунин кашфиёти ба назараш тару тозаро изҳор дошт, ки гармои тобистон ба сифати кори баъзе идора ва муассисаҳо андак бошад ҳам, таъсири номатлуб мерасонад, зеро зотҳои танбалу танпараст боз камҳавсалатар мешаванд ва дар натиҷа бозори ваъдабозӣ ва коғазбозӣ мутаносибан ба ҳавои гарм метасфад.

пешина
аз 248
навбатӣ