Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Муаллим аз ҳар адиби навқалам, чун аз навниҳоли боғ, ҳамин таманноро доштанд.
Оре, устод Фазлиддин Муҳаммадиев чун шахсияти нотакрори бузурги адабӣ бо асарҳои аҷибу муносибати наҷибашон ба мо ва ҳамагон маданияти олии инсониро талқин мекарданд. Сад дареғ, ки қурбонии оғози ҷаҳолату пастфитратӣ гаштанд ва ҷояшон ҳамеша дар байни аҳли адаб холист.
Дар ин нигошта аз вижагиҳои осори пурмӯҳтавои устод Фазлиддин Муҳаммадиев ба он хотир ёд накардем, ки пажуҳишгарони маъруфи тоҷик С. Табаров, М. Шакурӣ, А. Сайфуллоев, Ҷ.
Бақозода, А. Набавӣ, бисёр адибони номварамон аз паҳлуҳои мухталиф ва арзишҳои эҷодиёти устод китобу мақолаҳо офаридаанд. Ва шоистаи таъкид аст, ки устод Фазлиддин Муҳаммадиев – нависандаи бузурги тоҷик, поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри мо мебошанд. Маҳз эшон бо ҳунару заҳмати хеш дар баланд бардоштани сатҳи маърифати насри муосири мо, махсусан жанри ҳикоя хидмати бемисл карда тавонистанд. Ҳар асари хурду бузурги офаридаи устод дар муҳити адабии тоҷик чун падидаи адабӣ пазируфта мешуд. Ва имрӯз низ қимати осори устод побарҷост ва шахсияти адабияшон ҷилои хоса дорад.
Аз баракати қаламу ҳунари устод ситораи ҳунари устод сол ба сол дурахшонтар гашта, чеҳраҳои басо шукӯҳманди дар наср офарида, забони равону пурлатофати осорашон чун рӯи пурнуру чашмони нозанинашон ба дилҳо зиё хоҳад бахшид. Бале, устод марди озода, нексиришту боғперой буданд. Ва боғи сарсабзу сафобахше аз эҷодиёт, боғе аз шогирдон, боғе аз накӯкориву хушномӣ то ҷовидон ба ёдгор гузоштанд, ки ҷояшон ҷаннат бод!

пешина
аз 248
навбатӣ