Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳолати аҷибе рӯй дод ба Сангинбек. Чашмонаш ба таври фавқулоддае равшан гардиданд. Дар шаби зулмот, ки дар сафҳаи осмон ақаллан ситорае ба назар намерасид, вай на фақат шабаҳи кушандагонаш, танаи дарахтон, балки буттаҳо, ҳатто ба хаёлаш, нақши поро дар рӯи хоки майдон медид.
– Аблаҳ! – аз канори тутзор фарёде шунида шуд. Ин овози шиноси навкари бек буд. – Вая Сангинбек мегӯянд. Ду корд катӣ тан намедиҳад.
– Тамом шуд, – касе дар ҷавоб мегуфт. – Валло тамом шуд, ноҷунбон мехобад.
– Бирав, гуфтам, буздил! Ту ҳам бирав, Малла.
Вақте ки Сангинбек қоматашро рост гирифт, суробе ханҷар ба даст ба сараш ҳамла овард. Сангинбек бо мӯҳраи теша аввал ба банди дасти вай зад, пас худи ҳамон мӯҳраро бар тори сараш фаровард. Зарби теша садои кунди нарме баровард, ки ҳангоми бархӯрдан ба чӯби пӯк ё хишти хоме ончунон садо бармеояд. Шабаҳ нидое баланд кард, ки ба овози шахси дилаш беҳузуршуда монанд буд ва дар ҳамон ҷо ба замин фурӯ нишаст. Сояи дигар аз тарафи чап наздик меомад. Сангинбек ҳамаи ашёи атрофу акнофашро ҳамчунон равшан медид. Ба андозае аён медид, ки дар шаби маҳтоб ба ин дараҷа ошкору ҳувайдо дидани чизе кам муяссар мешавад. «Шамъ пеш аз хомӯш шуданаш лаҳзае хонаро равшан мекунад. Яқин, ин манзараи хунин охирин диданист маро» аз дил гузаронид Сангинбек ва ба ҳамла омода шуд.
«Чаҳор нафар будаанд номардон. Чаҳор марди аслиҳадор бар муқобили каси танҳое, ки фақат як тешаи корӣ дорад.
Лекин ман онҳоро мебинам, онҳо маро не. Ин дасти пирам аст, дастгирии пирам аст. Шукр, овози пирро баръало шунидам».
Шабаҳ ҳамчунон ба оҳистагӣ пеш меомад. Сангинбек тешаро ба дасти чапаш гирифт. Вай ҳис мекард, ки хуни гарм аз гардану тахтапушту синааш ҳанӯз дар таровиш аст.
Дар атрофи банди эзор ғун шуда, онро шип-шилта тар ва гарон кардааст. Хусусан қисми пешро, зери шикамашро.
Миқдоре аз хун поёнтар ҷорӣ шуда, дар тиҳигоҳаш шах мешавад ва узвҳои нуҳуфтаи ӯро бо гаронӣ ва сардии ғиҷиноваре оғӯшта ба поён мекашад.

пешина
аз 248
навбатӣ