Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
– Тавба мекунӣ! Худи ҳозир.
Вай худро дар канори партгоҳе медид. Дар калимаи «шонатарош» таҳқири сахте ҳис карда буд. Номи асбоби ороиши занон дар назараш ишораи ғайримустақиме дошт ба заъф, ба сустиҳои мардони зантабиат.. Агар тавба накунад, аз беки Исломбек осоре нахоҳад монд.
– Аз роҳи рост намегарданд! Дар кори ҳақ тавба ҳаром аст, – паст наомад муовин ва даст бар бағали ҷомааш бурд, ки он ҷо аслиҳааш мехобид. Вале дасти ӯ ба дастаи револвер нарасида, садои тир фазои хонаро тарконид.
Ҷасади муовинро бардошта, ба айвон бароварданд. Исломбек ба дастёраш ва се нафари дигар амр дод, ки худи ҳозир ба Сочак меравед, Сангинбекро аз бистараш бардошта, ба қатл мерасонед. Лекин бе шавқуну фарёд, бидуни тирандозӣ.
Сангинбек аз ин ҳодисот ғофил буд. Ва он чӣ, ки ҳамагӣ дар чанд дақиқаи ин шаби зулмот пас аз боло баромаданаш аз пайраҳаи хористони ҷар рӯй дод, низ барояш аз лаҳзаҳои даҳшатноктарини умраш буд, ки чӣ шуданашро баъдтар ҳарчанд зӯр занад ҳам, ба як тартиби муайян пеши назар оварда наметавонист. Ва хусусан чандин шабонарӯзи баъдинаро. Ҳамин қадар ҳикоят карда метавонист, ки аз пайроҳаи пурхор боло баромад, ба паҳлӯи танаи ғафсу ковоки тути куҳансол расид ва расидан замоно аз зарбаи сахте бар буни гардан ба хоки майдон парӯ афтод. Дар ҳамон ҳолат хобида, ҳис кард, ки гӯё сихе аз таки шонаи чап пайкарашро сӯзонида, ранҷи ҷонкоҳе, азоби тасвирнопазире оварду аз пеши сина баромад ва ба хаёлаш, аз он ҳам гузашта, ба тапурхоки нарму серуни майдон даромад. Сонияе пас боз чизе гарданашро сахт сӯзонид.
– Номардҳо, говдуздон, одамкушҳо... – дар хоку ҳун тапида, пичиррос мезад Сангинбек. – Тамом шуд корам...
Ҳайфо, Пӯлодбек, духтарчаҳо ятим монданд...
Ногоҳ Сангинбек ба ёд овард, ки ӯ Пир дорад. Ва худи ҳамон лаҳза гӯё нидое дар гӯшҳояш садо дод, ки бархез, Сангин, бархез, ки фурсати таъхир нест. Дар камарат теша дорӣ. Ҳозир равост, ки он асбоби иморат, олоти ободкорӣ аслиҳаи интиқом бошад... Бархез, писар, ту паҳлавонӣ...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё