Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

«Боз омаданд» бо ғусса ва кароҳат аз дил гузаронид Сангинбек. Фотиҳа монда, ба дари ҳавлӣ баромад. Йигити хушмӯйлаби саллаву ҷомадор, яке аз дастёрони Исломбек ҳамчунон болои зин менишаст.
– Усто, бек фармуданд, шуморо ба ҳузурашон мебарам.
«Мебарам» мегӯяд шаҳбоз, бо заҳрханда аз дил гузаронид Сангинбек ва ҷавоб дод:
– Худам меравам. Сонитар.
– Бек фармуданд, ки зуд меорӣ.
– Корам нотамом аст.
– Кори дунё тамомӣ надорад, усто. Бек хафа мешаванд.
– Кори имрӯзаам нотамом мемондагӣ не. Кунда тайёр, мешинонам, сонӣ меравам.
– Бек хафа мешаванд, усто. Қарзи ман гуфтан буд, лекин, усто, бек сахт хафа мешаванд.
– Ман ҳам пир дорам, ошно, тадбир дорам.
«Оббо, якта кунда будааст» норозиёна ғурунгос зад дастёри бек ва аспи бе он ҳам масташро тозиёна зада, чанги кӯчаро ба ҳаво хезонида рафт.
«Дина ҳам ҷеғ зада буд бекаш. Нарафтам. Чӣ кард? Ҳеҷ.
Боз намеравам. Кораш бошад, худаш биёяд, дар дил қарор дор Сангинбек. Дузди дирӯза, як авбоши айёш имрӯз ба сари халқ хукумат ронданист. Говдузд...».
Аз нек шарофат, аз бад касофат. Кор ба таъхир афтод. Як гӯшаи дилаш торик шуду пас аз баргаштан ба назди ҷувозхона дарҳол ба кораш идома дода натавонист. Одате дошт, ки кунда ҳар қадар бузургу гарон бошад, ба танҳоӣ мебардошт. Дари ҷувозхонаҳо яктабақаи оддианд. Кундаро дукаса бардоранд, аз эҳтимол дур нест, ки чизе ба ҳамвор гузаштан аз дар халал расонад. Назми бори понздаҳшонздаҳпуда халал пазирад, метавонад нохушие пеш оварад: кас дар таки ин хел кунда бимонад, ҷон ба саломат нахоҳад бурд.
Даҳ-дувоздаҳ нафар ҳангоматалабон ҷамъ омада буданд.
Мардум чӣ навъ огоҳ шудаанд, ки дар фалон ҷой ҷувоз мешинонад?

пешина
аз 248
навбатӣ