Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳоло ин кор, то ба дараҷаи ҷиноят паст аст, доимо такрор бояд кард, ки дар шуури мардум таҳшин шавад.
Хусусан ки матбуоти сиёсиамон хомӯш аст. Ф.М.» с.81 Ин фишурда аз шаш саҳифа мусаввадаи устод Фазлиддин Муҳаммадиев аст. Ба ростӣ дастхатхонӣ ва муҳокимаи асарҳо як қисми бузурги фаъолияти муаллим Фазлиддин Муҳамадиев ба шумор мерафт. Соатҳои бешумори умри азизи муаллим дар ин роҳ танҳо ба хотири баланд бардоштани сатҳи адабиёт, хоса бахши наср, ташаккули маҳорати нависандагони ҷавон сарф шудааст. Ва зикри заҳматҳои бедареғи устод имрӯз қарзи ҳар як шогирд аст.
Алҳол дастхати «Паррончакҳо»-ро варақ мезанаму дигар ишораҳои ҷолиби муаллимро пайдо мекунам. Масалан дар саҳ.
46 навиштаанд: «Ба гуфти фалон, қавли фалонӣ гуфта, пас аз ин суханеро мегӯянд, ки хосияти хосе дошта бошад. Ба хари касе бор набошад. Дар баёни гапи оддӣ дар истинод ба касе эҳтиёҷ нест… Ф.М.»
Ин шарҳ ба ибораи «Ба гуфти Раҳматшоҳ аст».
Дар саҳифаи 60 ман ибораи «мисли шахси оталахӯрда»-ро истифода бурдам ва муаллим андешаашонро ин тавр баён кардаанд:
«Мулло Абдулҳамид!
Аввал ин, ки атола ва шумо, ки адибед, ҳамин варианти адабиашро бояд нависед. Сониян, оё лабу лунҷ пок кардани атолахӯр аз лабпоккунии мошобахӯр фарқ дорад?»
Зери ибораи «аз камари Алибой набошам» касе аз устодон хат кашида, дар ҳошия «ҷудо кашол» навиштааст. Ду ҷумла поён устод ба зери нимҷумлаи «… дар шаҳр коҳи сабилмонда ёфт намешавад» хат кашида навиштаанд: «Нағз, ин ҷоҳо нағз, кашол-пашол не».
Дар саҳифаи 80 муаллим ба ҷумлаи «Вай хандон-хандон сӯи хонаашон тохт» ишора гузошта, навиштаанд: «Мулло, хандонхандон тохтан мушкил аст. Хандон-хандон рафтан табиист. Як дам мулоҳиза кунед, розӣ мешавед, иншооллоҳ. Ф.М.»
Баъди муколамаи қаҳрамон дар саҳ. 100 аз номи муаллиф порае меояд, то ки гуфтаҳои болоро қувват бахшад. Муаллим дар шафати ин пора навиштаанд: «Ана ҳамин нукта баён шуд: ба василаи андешаҳои пирамард, яъне чунон ки бояду шояд, яъне чунон ки санъат тақозо дорад.
Дигар ҳоҷат ба такрори хушкаш нест. Ф.М.»

пешина
аз 248
навбатӣ