Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Меравад, Бек, лекин мо бо пои худамон меравем. Мову ту, шукр, бӯзбала-ку! Пиёда гаштан лозим, Бек. Ин дунё бисёр, бисёр васеъ. Фақат пиёда гашта, сайр карданаш мумкин. Ба хаёли мани пир ҳамту.
Аз паҳлуи онҳо аробаи чорчархаи каҷовааш бағоят калоне гузашта мерафт, ки махсус барои бедакашонӣ сохтаанд. Аробакаш дар болои ғарами баланди хасбеда баҳузур нишаста, тозиёнаи дарозеро алвонҷ медод ва ба ҳавои помонии аспонаш сурудеро замзама мекард. Писарбачае низ дар теппаи ғарам бо ҳаловат меёзид ва ба Саидбек назараш афтода, лабу даҳонашро каҷ карда, масхара дод.
Саидбек хам шуда, кулӯхеро аз замин бардошт, аммо бобо ӯро даст гирифт:
– Мон, Бек, намеарзад. Вай кӯдак, ту йигити калон.
Саидбек кулӯхро ба мурдоби найзор ғурронид ва хониши қурбоққаҳо лаҳзае қатъ гардид.
Бобо таклиф намуд, ки дар сояи дарахтони лаби ҷуй як дам нишинанд. Фармуд, ки Саидбек батинкаҳояшро барорад. Поҳои ӯро аз панҷа то пошна бо диққат аз назар гузаронид ва ризомандона сар ҷунбонида гуфт: «Нағз, Бек, офарин, ту ҳақиқатан писари худам».
Саидбек гуфт, ки мехоҳад аз он ҷӯй об бинӯшад.
– Боз камтар сабр мекунем, Бек. Баъди ним санг роҳ чашма мебарояд. Чашмаи соф. Ҳам об менӯшем, ҳам наҳори мехӯрем.
Шабона дар хонаи ошнои бобояш Саидбек таб баровард.
Байни ронҳои писарак суп-сурх гӯшт гашта, ҷо-ҷо пӯст партофта буд. Бузург ва ошнояш, ки пирамарди зиндадили чобукҳаракате буд, аз чи гуна гиёҳҳо ва равғанҳои давоӣ марҳаме сохта, ба ҷароҳати сӯзишкунандаи Саидбек мемолиданд. Саидбек ба андоми бобо, риши паҳни баҳам печидаи вай менигарист ва ба назараш чунон менамуд, ки ӯ Саидбек не, балки худи бобояш Сангинбек асту дар адл миёнаи хонаи калон хобидааст ва аз синаи варам карда, боло дамидаи вай хишшоси баланде берун рафта, ба атроф паҳн мешавад, то ба дараҳои кӯҳсори кабуди Ҷом мерасад.
– Аз ҳама зӯртар аст бобои ман! Сангинбек – бобои ман!

пешина
аз 248
навбатӣ