Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Боз кӣ метавонад бошад дар ин қарибиҳо? Вагонаки тахтагини бригадаи Саидбек чаҳор километр поёнтар аз ин ҷо истодааст. Аммо вай ақаллан посбоне надорад, чунки эҳтиёҷе нест ба посбон.
Овози фосиладори ҳавлангез дигар шунида нашуд. Ба гӯшам расидааст, қарор дод Саидбек. Осори танҳоӣ ва нороҳатӣ. Ҳа, ин кори хаёл аст. Ба назари ташнаҳо дар биёбон наҳри пуроб ва бӯстонҳои хуррам, ба дидаи сармозадагон деги шӯрбо ва гулханҳои гарм падидор мешаванд. Саидбек, ки муштоқи садои инсон аст, ба гӯшаш ҳамин гуна овоз даромадааст.
Дарди ҷароҳати зону ва кафи дасташ андак-андак хурӯҷ мекард. Шояд аз он сабаб, ки ҳаво торафт хунуктар мешуд.
Дар ин қитъаи Кашолдара зимистону тобистон ҳарорат назар ба водиҳо, ҳатто назар ба он ҷоҳо, ки фақат даҳдувоздаҳ километр ҷанубтар воқеъ гаштаанд, хеле фарқ мекунад. Охир, мана барф, дар ҳамин қарибиҳо. Боз каме болотар биравӣ, ба домани пиряхҳои ҳазорсола мерасӣ. Бод ҳам аксаран аз ҳамон самт мевазад ва ҳавои сармоолуд меорад.
Ба замми ин шикам гурусна.
Аҷиб, қади умраш чанд маротиба побанди воқеае ё зарурате шуда, дур аз назари мардумон афтода бошад, ҳар дафъа чунон шудааст, ки як чизи ноаёне, гӯё дасти ҳарифи бадғаразе раҳнамуни вай аст ва он рӯз вай ҳатман ё бе ношто мондааст, ё ҳӯроки чошт нахӯрдааст.
Э бас, худ ба худ амр дод Саидбек, шиква ҳам эбаш-катӣ.
Ва ӯ дӯстони худро ба ёд овард. Дӯстонаш чандон ангуштшумор нестанд, шукр, бисёранд, аммо ӯ маҳз касонеро ба хотир овард, ки симои онон ҳамеша дар соатҳои мушкилтарини ҳаёташ ғайриихтиёр пеши назар мерасиданд. Яке аз онон бобои худаш, Бузург аст. Дигаре як олими қутбшинос, як одами тамом ношинос, аз миллати дигар, аз кишвари дигар, ҳатто метавон гуфт аз он сӯи дунё, аз нимаи дуввуми кураи арз аст. Саидбек ӯро ҳеҷ гоҳ надидааст, овозашро нашунида аст. Фақат ҳикояти воқеиро дар бораи вай аз куҷое (агар саҳв нашавад, аз маҷаллаи «Огонёк») хондааст.

пешина
аз 248
навбатӣ