Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Гӯё мегуфтанд, ки садқаи сар, раис ҳар номаъқулӣ кунад ҳам, план буд шавад, аскарҳо ғалаба кунанд, душман несту нобуд шавад – шуд. Ба дигараш тоқат кардан мумкин. Бе ин ҳам ба ҳамин қадар машаққат тоб оварда гаштаем.
Рост, ки якта-нимта одамони хату саводашон бурротар ба калонҳои район ариза фиристода, аз кирдорҳои раис маълумот додаанд. Аммо калонҳои онвақта ё аз серкорӣ ё аз бепарвоӣ ба ин масъала эътибор надодаанд. Раиси тасмапеч айшу нӯшашро давом медодааст, колхозчиҳои ситорааш рост наомадаро дар рӯзи равшан қамчинкорӣ мекардааст.
Он солҳо Абдурауфамак дар фронт буд, лекин аз мазмуни мактубҳо пай мебурд, ки нафаси шуми қаҳтӣ ва қиматӣ ба деҳот ҳам расидааст.
Шабе аз шабҳои баҳори дуюми ҷанг Фотима ном ҷавонзан аз хонаи раис садои доираву думбак ва қаҳ-қаҳаи меҳмонони шикамсерро шунида меояд. Ҷавонзани соддаи мусибатзада, ки чанд ҳафта пеш аз ин хати сиёҳи шавҳарашро гирифта, буду шуди хонадонашро ба маросими азокушоён сарф карда буд, он шаб дар як даст кӯдаки лоғар, дар дасти дигар косаи чинӣ аз дарвозаи ҳамсояи давлатманд дохил шудааст, ки як каф орд ё якта нон қарз бигирад.
Зани раис арзи Фотимаро шунида, косаро гирифта ба мадонаш медарояд. Ин вақт аз меҳмонхонаи сездаҳболори раис садои ҳофизе шунида мешудааст. Ба сутуни айвон нисфи танаи гӯсфанди ба тозагӣ кушташуда овезон будааст. Дар онсӯтар дар деги калоне кабоб меҷӯшидааст. Ногоҳ раис аз хона баромада, назараш ба Фотима меафтад, ки дар пеши дарвоза мунтазир меистодааст.
– Ҳа, ба чӣ омадӣ?
– Ба назди апаам... Ним коса орд қарз гирам...
– Орд? – калавида такрор мекунад раис. – Худам маъқул нею ордам ширин-мӣ?

пешина
аз 248
навбатӣ