Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Манаҳаш меларзид ва аз чӣ сабабе бошад, чашмонашро пӯшида, дергоҳе дар ҳамин ҳолат меистод. Ҳатто роҳравон баъзан чашмонашро намекушод.
Дигар мо Мунавваршоҳро надидем. Мардум мегуфтанд, ки ҳамон рӯз ӯро дар пеши идораи сарҳадчиён дидаанд. Аз он пас касе дар ҷое надидааст.
Рӯзи дигар поёнтар аз Барушон, аз он ҷое ки Панҷ гӯё барои андаке нафас рост кардан туғёни худро фурӯ нишонида, мисли дарёҳои ороми саҳроҳо ботамкин ҷорӣ мешавад, ҷасади Мунавварбегимро аз дарё дошта гирифтаанд.
Арӯси нозанин, ҷавонмодари нокомро ба деҳа оварда, ба хок супурдем. Бегоҳи ҳамон рӯз додари арӯс – Давронбеки понздаҳсола аз деҳа ғоиб шуд. Ҳа, меҳмон-бародар, ҳодисаҳои пурасрор ба сари мо паси ҳам фаро мерасиданд ва мо ёрои мулоҳиза кардани онҳо, сарфаҳм рафтани робитаи байни онҳоро надоштем.
Боз як рӯз пас ба қишлоқи мо аз он сӯи сарҳад чанд нафар сарбозон омаданд. Сардори заставаи мо, ду-се командир ва чанд аскару калоншавандаҳои районамон – ҳамроҳи онҳо. Калони сарбозон фаши саллаашро дар тахтапушташ алвонҷ дода, дар пеши идораи ҷамоа асабонӣ қадам мезад, бо овози баланд иддаоомез сухан мекард. Мо, мардуми қишлоқ, гуфтушунидро ба калоншавандаҳои худ ва командирҳо вогузошта, ин ҳангомаро аз дур тамошо карда меистодем. Одамони мо ба меҳмони асабонӣ бо мулоимат гап мезаданд, аммо ӯ торафт баландтар аланга мегирифт ва тозиёнаи худро гоҳ ба камарбанди паҳнаш мехалониду гоҳ дар болои сараш таҳдидкорона афшонида, фарёд мекашид. Дар дасти чапи ӯ корди ғилофдори Мунавваршоҳ буд, ки ман онро аз пӯпаки сурх ва нақши ғилофаш нағз мешинохтам.
Мо аз ин кашмакаш ҳамин қадар фаҳмидем, ки Мунавваршоҳ парешаб ба он соҳил гузашта, Манзарбекро ба қатл расонидааст.
Як ҳафтаи дигар гузашту Давронбек аспи маро гирифта овард. Мардуми деҳа, калоншавандаҳо ӯро бо ҳар восита пурсучӯ мекарданд, ки Мунавваршоҳ куҷо шуд, худат ба куҷо рафта будӣ ва ҳоказо. Бача фақат ҳамин кадар хабар дод, ки дар шаби тӯй сангчархро Манзарбек сохта будааст.

пешина
аз 248
навбатӣ