Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
– Ин сӯ биё, – гуфт мард бо оҳанги омирона ва аз дасти ӯ дошта, ба поёнтар, ба даромадгоҳи ҳавлии худ ҳидоят намуд. Аз даричаи пастаке сарҳошонро хам карда гузаштанд. Мардак Саид Амонро ба канори ҳавлиаш бурда, ба поён ишорат намуд. Дар зери пои онҳо ҳавлии дигар – ҳавлии ҳамсояи ӯ воқеъ гашта буд ва ҳоло онҳо дар рӯи боми яке аз хонаҳои ӯ меистоданд.
Аҳли он хонавода дар рӯи кати паҳни чӯбин давра гирифта, бо овози паст бо ҳам сӯҳбат карда менишастанд.
– Нигоҳ кун, ҳама мунтазири Мунавваршоҳанд, – гуфт марди малламӯй.
Саид Амон мехост бигӯяд, ки ин манзараро надида ҳам медонист, ки ҳама мунтазиранд. Имрӯз ба ӯ дар ин хусус одамон каму беш нақл карда буданд. Аммо соҳиби хона боз шарҳ дод:
– Вай дар пеши одами бегона наменавозад. Дигар ҳавлиҳо аз ин ҷо ба назар наменамоянд, лекин дар ҳама ҷо мардум мунтазир. Хафа нашав, меҳмон-бародар.
– Мард чароғ гиронда, Саид Амонро дар суфаи пеши хонааш ба рӯи кӯрпачаи нарм нишонид ва худ чойники тунукаро аз об пур карда, бар болои карасинка монда омад.
Мунавваршоҳ ба навохтан шурӯъ кард. Имшаб аз зери мизроби ӯ савти ҳазине берун меомад. Оҳанги навохтаистодаи ӯ ошкоро аз алами ҷудоӣ, аз сӯзу гудози ошиқ ҳикоят мекард.
Саид Амон ҳунарнамоии мутрибони мумтозро борҳо дида ва шунида буд. Ҳоло радио, театр ва телевизион осори ҳар як ҳунарпешаро аз шӯҳрат пайдо кардани ӯ дере нагузашта, дастраси халқ мегардонад. Чӣ ҷои сухан, ки аз санъати устодони ин соҳа ҳама баҳраманданд.
Бо вуҷуди он олими ҷавон то ҳоло навозандаеро надидааст, ки як оҳанги оддиро бо изтироб ва ҳарорати дили худ ба ин дараҷа гарм ва рангин карда бошад. Аз таъсири наво дар сари ӯ ногоҳ чунин хулосае пайдо шуд, ки гӯё Мунавваршоҳ дар зиндагии худ шитоб мекунад, гӯё ба худ аҳд кардааст, ки дарёи пуртуғёни ҳиссиёташро ҳар чи зудтар аз сари торҳои созаш ба самъи шунавандагон фурӯ резад ва ба ин васила кадом як қарзеро ҳар чи зудтар адо намояд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё