Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Саид Амон ба садои тори навозандаи номаълум гӯш дода, ҳамин манзараро дар пеши чашм медид. Мазмуни ин савт чӣ бошад? – фикр мекард ӯ. Ба шикоят монанд аст, аммо агар дар воқеъ шикоят мешуд, зарбҳои шӯхи рақсовар намедошт ва манзараи дилкаши парвози мизон, муаллақзании шодиомези кабӯтаронро ба лавҳаи хаёл намерасонид.
Оё ин гила нест? – худ аз худ мепурсид олими ҷавон. Ҳа, ин гила аст, гилаи сабук аз рӯзгор. Вай аз айёми хушу беғаши ҷавонӣ ҳикоят мекунад ва гӯё аз рӯзгор гила мекунад, ки чаро аз даргузар будани он айём дар вақташ огоҳ накардӣ?
Навозиш хотима ёфт.
Соҳибаи хона оҳе кашида, аз лаби ҷӯй бархост ва яктаякта хаёломез қадам монда, ба айвон баромад. Косаро аз рӯи дастархон, ки дар ҳамон ҳолати кушода мехобид, гирифта, бидуни он ки ба меҳмон рӯй оварад, гуфт:
– Шӯрбо хунук шудааст, гарм карда меорам.
– Лозим нест, – эътироз кард Саид Амон, – нону ҷуғрот кифоя, ман гурусна нестам.
– Ихтиёр.
Зан ба ошхона рафт ва пас аз хеле фурсат боз ба назди меҳмон омада гуфт:
– Шумо номи он касро пурсидед. Мунавваршоҳ номаш.
– Чикора аст?
– Сал меронад... Ниҳол мешинонад... Танбӯр менавозад, ҳамаи ҳунарҳои навозандаи ношиносро якбора қатор кард соҳибаи хона ва: – Хайр, нағз хоб кунед, – гӯён ба хонааш рафт.


Бегоҳи дигар низ, баробари дар осмони пасту наздики дара фурӯзон шудани аввалин ситораҳо атроф сокит гардид.
Радиодинамикҳо, приёмникҳо хомӯш шуданд. Заноне ки дар ҳавлиҳошон ба аҳли оилаи худ фармонфармоӣ мекарданд, бачаҳое ки агар калонсолон мудохила накунанд, дар кӯчаҳо давутози худро то нисфи шаб давом медиҳанд, гуё аз рӯи амри умумӣ ё бонги хатар якбора лаб фурӯ бастанд.
Саид Амон имрӯз дар бораи мутриби ношинос чанд калима шунида буд ва медонист, ки ӯ имрӯз ҳам, фардо ҳам дар «боми деҳа» нишаста, он асбоби сеҳрноки худро хоҳад навохт.

пешина
аз 248
навбатӣ