Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ҳеҷ гап не, вақти бисёре намеравад, – лабхандкунон исрор менамуд марди ношинос. Вай, эҳтимол, аз он сабаб худ ба худ механдид, ки дар воқеъ, кори ҳеҷ кас нокарда ва ҳатто касношунидаеро фикр карда баровардааст: дар ҷои бегона, ба роҳгузари ношиносе гӯштингирӣ таклиф мекунад.
– О дар ин ҷо... Чӣ хел мешуда бошад?...
– Шудан мегирад. Аз бекорӣ кадукорӣ гуфтагӣ барин ин ҳам як гап-дия, – гуфт мард ва дар сари дастархонаш диккак нишаста, саросема фотиҳа хонд.
Аҳмадбек ҳам дарҳол диккак нишаста даст ба рӯй кашид.
– Ту миёнбанд надоштаӣ, – гуфт мард ва нонрезаҳои рӯймоли дастархонро ба оби чашма афшонда, онро таҳ кард ва ба миёни худ баст. Баъд ҷомаи худро, ки лӯнда карда ба гӯшае монда буд, кушода аз байни он рӯймоли нави абрешимини зардеро баровард ва бо як ҳаракати чолокона печонида ба дасти Аҳмадбек дод.
– Ма, банд.
Аҳмадбек ҳамчунон бо қиёфаи тааҷҷубомез ба марди ношинос нигоҳ карда меистод.
– Э ту бачаи аҷиб будаӣ-ку, – гуфт мард ва ба Аҳмадбек наздик шуда рӯймолро ба миёни ӯ гузаронид. Мехост, ки гиреҳашро ҳам бандад, аммо Аҳмад «Хайр, майлаш, ҳозир худам»... гӯён рӯймолро баст.
Тарзи сӯҳбат ва андоми пурхандаи марди ношинос аз дақиқаи аввали мулоқот Аҳмадбекро ба худ тасхир карда буд. Ӯ ҳеҷ гоҳ чунин шахсеро дучор наомада буд, ки ӯро бо ду-се даҳан гапи нарм ва шӯхиомез зуд ба роҳи худ андохта бошад.
Онҳо ба гӯштингирӣ даромаданд. Аҳмадбек аз ибтидои кор пай бурд, ки ҳариф аз онҳое, ки ӯ дар майдонҳо қувваозмоӣ кардааст, хеле ва хеле пурқувваттар аст. Марди ношинос ҳам, аз афти кор, фаҳмид, ки намуди оддиёнаи ин ҷавон назарфиреб будааст. Ҳарчанд ҷавон ҳанӯз ҳунари худро нишон надода ва фақат бо муқобилат ба ҳилаҳои ӯ ва бо мудофиа машғул бошад ҳам, маълум шуд, ки сар то по гӯё аз чандир иборат аст.

пешина
аз 248
навбатӣ