Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Он вақт Наврӯз-паҳлавон дар диёри худ хеле машҳур гардида, номаш ба пиру ҷавони Дарвоз ҳам маълум шуда буд. Аҳмадбек ҳанӯз навгӯштин буд, лекин овозаи ғалабаҳои пайдарпайи ӯ низ ба гӯши паҳлавонони музофотҳои ҳамсоя расида буд. Оре, байни мардум ақидае ҳаст, ки номи паҳлавони навбаромад пеш аз ҳама ба гӯши паҳлавонони номдор мерасидааст ва баъд ба ҳаводорони онҳо. Эҳтимол, боиси зуд шӯҳрат пайдо кардани Аҳмадбек ҳамин бошад, ки он вақтҳо сохтмони роҳи калони Помир дар авҷ буд ва ӯ аввалин ғалабаҳои худро маҳз дар ҷамъомадҳои бинокорон ба даст оварда буд.
Воқеае ки дар сари роҳ рӯй медиҳад, зудтар машҳур мегардад ва ин табиист, хусусан, ки дар сари роҳи Помир он солҳо аз ҳамаи гӯшаю канорҳои Тоҷикистон ҳазорон нафар одамон кор мекарданд ва гӯштингирӣ дар баробари консертҳои артистони аз пойтахт омада аз дилхушиҳои писандидаи роҳсозон буд.
Як нимрӯзӣ Аҳмадбек аспи банохост ланг шудамондаи худро етаккунон ба Деҳаи Боло ба назди духтури ҳайвонот мерафт. Роҳгардӣ барои асп душвор бошад ҳам, ӯ роҳи нисбатан ҳамвору васеъро монда, пайраҳаи саҳили Ванҷобро интихоб карда буд. Шояд мехост, ки дар роҳ камтар ба одамон вохӯрад. Охир, маълум, ки ҳар шиносе, ки вохӯрд, бояд ҳатман ва батафсил фаҳмида бигирад, ки ҷеранди Аҳмадбек кай ва аз чӣ сабаб ланг шуд, оё вай фалон гиёҳро аз фалон пушта ёфта оварда, дар ӯғурча кӯфта ба банди пои аспаш набастааст, ё дар обе ки аз фалон чашма ҷорӣ мешавад, пои ҷерандро фалон муддат нигоҳ надоштааст ва ғайра ва ҳоказо.
Аҳмадбек дар яке аз хамгаштҳои пайраҳа дар ҷояш истод. Аспаш аз қафо бо фуки худ ба китфи ӯ расида, ба нафаси гармаш гардани ӯро қитиқ кард, гӯё пурсиданӣ мешуд, ки чаро банохост аз роҳ мондем. Аммо аз хӯҷаин ҷавобе нагирифта ва худ ба чизе сарфаҳм нарафта, бо канда хӯрдани алафҳои канори пайраҳа машғул гардид.
Дар пеш, тақрибан сӣ қадам дуртар марде дар лаби чашмаи зери чормағз рӯймоли миёнбанди худро густурда, намоз мехонд. Вай рӯ ба пайраҳа нишаста, ба муроқиба рафта буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё