Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Амаки Миша тасдиқ кард.
– Вай сагҳоя таълиму тарбия медиҳанду чаро ба дигарҳо медодаанд?
– Ҳамааша не. Ба дигарҳо медодагиаш фақат якта-нимта ёфт мешавад. Сонӣ ба ту мефаҳмонам. Маъқул?
Имтиҳонҳоя тамом карда, ба таътил баромадам, аммо ба амаки Миша аз ин хусус хабар надодам. Саги дигар лозим не ба ман. Ҷага худаш нағз. Ҳар кас мушт барин сагчая ин қадар нигоҳубин карда, ба воя расонад, баъд медонад, ки аз саги дастпарвар ҷудо шудан осон ё не.
Дар ин мобайн воқеае шуду модарам ҳам, ба қавли додом, ба лагери модаркалонам гузашт, яъне Ҷагая бад медидагӣ шуд. Дар кӯча будам, ки вағар-вуғури Ҷага ва фарёди модарам баланд шуд. Давидам. Ранги очаам девори оҳакмолида барин буд. Дар дасташ нимта собуни сагхоида. Домани даридаи куртааш ба замин овезон.
Модаркалонам ба рӯяш об пошиду ба курсӣ нишонид.
Пас аз хеле фурсат очаам воқеаро шарҳ дод:
– Ним коса шӯрбо овардам, ки ба лаганчааш гардонам.
Бинам, ки ана ин собуна миёни поҳош гирифта, баҳузур мехӯрад. Собуна монда, ба шӯрбо часпид. Гуноҳам ҳамин ки собуна аз пешаш гирифтам. Ҷавонмарг шавад, нохост ҳамла кард. Хайрият, бастагӣ буд. Даҳанаш фақат ба доманам расид.
Ногоҳ модарам бо овози баланд гирист. Инро дида Озода ҳам ҷилави гиряро сар дод. Ману бибиам ба онҳо об медодем, барои таскинашон ҳар чиз мегуфтем. Модарам ором шуд. Сонӣ ба соати дастиаш нигоҳ карду саросема дастурӯ шуста, куртаи наваша пӯшид.
– Рафтем, писарам, – гуфт ӯ. – Ҳозир додот меояд, аз сари кӯча дошта, ба як ҷо меравем.
– Ба куҷо?
– Баъд мефаҳмӣ.
Ба додом гуфт, ки ба хонаи соҳиби саг меравем. Падарам дакиқае фикр карда истоду баъд «Ба ҷону дил» гӯён ва табассумкунон ба сари рул нишаст ва мошинро ба тарафи хонаи худамон тоб дод.

пешина
аз 248
навбатӣ