Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
– Ҳоло додот биояд, ман бо шумо, сагпарастон акнун дурустакак гапзанон мекунам, – болои сӯхта намакоб, таҳдид мекард бибиам.
Амаки Миша бо коре ба хонааш омада будааст. Куртаамро пӯшонида, шимамро ба дастам қаппониду ба мошинаш савор карда, ба сӯи ёрии таъҷилӣ тозонид. Амаки Миша калоншавандаи ГАИ. Додом мегӯяд, ки ӯ аз ҳамаи шоферҳои Тоҷикистон, аз ҳамаи муаллимҳои мактабҳои шоферии Тоҷикистон имтиҳон мегирад. Як қисми имтиҳона мошинҳо мегиранд, лекин ҳамон мошинҳо ҳам дар ихтиёри амаки Миша. Волгаи зардаш аз паҳлуҳо рахи кабуд дорад.
Дар болои бомаш чароғаки даврзанандаи кабуд. Дар пеши бомаш ду карнаи радио: яктааш ба пеш гап мезанад, дуввумаш – ба қафо. Ин мошинро мошинҳои дигар бинанд, гашташона суст карда роҳ мекушоянд.
Духтури стансияи ёрии таъҷилӣ ба ронам доруи сӯзон молиду бо дока баст ва коғазе навишта, ба дасти амаки Миша дод.
– Ба санбакинститут! Зуд! – гуфт духтур.
Мо ба гӯшаи дигари шаҳр равон шудем. Амаки Миша мошинашро башаст меронд. Гоҳо аз хати сафеди мобайни кӯча ҳам мегузашт. Боз ҳамаи автомобилҳо ба мо роҳ медоданд. Амаки Миша гуфт, ки ҳар касро саг газад, албатта ба санбакинститут меояд, ба ӯ сӯзандору мекунанд. Ба ҳар эҳтимол. Чунки агар рафту саги газанда девона шуда бошад, одами саггазида ба дарди пуразоб гирифтор мешавад ва расо баъди чил рӯз мемурад.
– Ҳа, дӯстам, мемурад, – оҳ кашида такрор кард амаки Миша.
Ҳамшираи тиббӣ пӯсти шикамамро дошта бо як даст ба тарафи худ кашид ва бо дасти дигар сӯзанашро халонид.
Хеле дарднок будааст сӯзандоруяш. Бегоҳӣ таб баровардам, аммо дандон ба дандон монда тоқат мекардам.
Рӯзи дигар маро ба санбакинститут падарам бурд. Имрӯз табам он қадар баланд нашуд, лекин ҷои дору аз дарун, ба хаёлам, санг барин варам карда, вазнин шуда, кӯра барин месӯхт. Дар ҳар қадам монданам санги тасфон лӯқ-лӯқ дард мекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё