Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Рӯз то рӯз возеҳтар медид, ки Шоҳида дигар он зани ҳалима, хандон ва меҳрубони пешина нест. Гӯё бегона бошад, навозишу дӯстдориҳои шавҳарашро рад мекард. Гоҳо ба сараш гӯё як кӯза оби сард рехта бошанд, ё ягон хабари бағоят шуме расида бошад, банохост сарду карахт мегардид, дар наздаш хомӯш, беҳаракат, беҳарорат мехобид, ҳатто гӯё нафас намекашид. Ду-се маротиба Вакил нимишабӣ нохост бедор шуда дид, ки занаш рӯи кат зонуҳои худро оғӯш карда нишастаасту аз андоми ӯ чашм намеканад. Гӯё шавҳарашро бори аввал медида бошад, синчакорона нигоҳ мекунад. Кӣ медонад, чӣ муддате ба ин минвол нишаста бошад ва чӣ андешаҳое ба сараш омада бошанд?
Дар ноомади кор шиша сандон шиканад, атола дандон, гуфтаанд. Н. ба Вакил якто сурат тӯҳфа карда буд. Дар сурат ба ҳолате акс ёфта буд, ки як миллаашро ба пеши сина партофта, қадаре маҳзунона табассумкунон рост ба объектив менигарист. Вакил намедонист, ки ин аксро чӣ кунад, ба куҷо монад? Дар як гӯшаи он унвони ателеи суратгир сабт шуда буд. Вакил ба хату холи чеҳраи дилкаш менигарист.
Пас боз хати кунҷаки расмро мехонд, гӯё аз он фаҳмиданӣ мешуд, ки чаро соҳибаи сурат онро ба ӯ ҳадя карда бошад?
Ӯ шунида буд, ки суратбахшӣ нишонест аз фироқи наздикрасида. Онҳое, ки ба ҳамдигар сурат мебахшанд, соати дар пеш истодаи ҷудоиро медонанд ё ҳеҷ набошад, ҳис мекунанд. Шояд ба робитаи кашолёфтаи онҳо худаш хотима гузоштан мехост? Бо вуҷуди доноияш ба ҳар ҳол василаи нобоби соддалавҳонае интихоб карда буд, зеро Вакил суратро дар хона нигоҳ дошта наметавонист. Ба партофтан дилаш намешуд: зане аз рӯи меҳр ва одамгарӣ акси худро тақдим кардааст. Сурат дар бағалкисаи пиҷаки сафеди тобистона мехобид.
Як пагоҳӣ Шоҳида онро ба шавҳараш нишон дода пурсид:
– Дили ҷанобашонро ҳамин кас бурдаанд?
Хун ба сари Вакил зад. Дар ҷавоб чизе гуфта натавонист.
Шоҳида тамом дамдузд шуд. Чизе намегуфт, намепурсид.
Ҳатто ҳамон таҳдиди пештарааш: «Пушаймон мешавӣ, мардак»-ро дигар такрор намекард.

пешина
аз 248
навбатӣ