Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Шиносоияш бо ӯ ба назараш аҷиб менамуд. Аз як тараф, номи худро бо андешае пинҳон медорад. Аз рафтан ба ресторан, ҳатто қаҳвахона саркашӣ мекунад. Аз тарафи дигар, мардеро, ки фақат бори дуввум мебинад ва аз рӯи нақлаш оиладор буданаш аён шуд, ба хонааш таклиф мекунад.
Лаҳзае Шоҳида ба ёдаш расид. Ба хотираш омад, ки як вақтҳо, айёми навхонагӣ ба ҳамдигар савганди садоқат ёд карда буданд. Пас кӯшише ба кор бурда, ин андешаҳоро аз худ дур ронд ва иҷозат пурсида аз дасти ӯ бигирифт. Дасти ӯ нарм, вале сард буд, ангуштонаш гӯё саҳле меларзиданд.
Ба қабати саввум пасу пеш баромаданд. Дари хонаашро яла кард. Вакил дар долони танги торик ким-чигуна пойафзолеро зер кард ва ба чизе пешпо хӯрда лаҳзае мувозинатро гум кард ва беихтиёр аз камари Н. оғӯш намуд.
Мувозинати пайкараш худи ҳамон сония барқарор шуд, аммо ӯ дасти худро пас нагирифт. Баръакс дар зери матои мулоиму лағжонакни куртаи абрешимин бадани аз он ҳам нарму нафиси занро ҳис карда, ӯро сахт ба оғӯш кашид.
Зан на фақат муқобилат накард, балки пайкари аз изтироб ларзандаи ӯ гӯё худ ба истиқболи дастони навозишкори Вакил мешитобид...
– Ба куҷо рафтаниед? – ҷавонзанро, ки дар паҳлуяш рӯи дивани фарох мехобид, аз бағал раҳо накарда пурсид Вакил.
– Хӯроки тайёр ҳаст. Гарм мекунам.
– Чӣ лозим?
– Дурӯғгӯй! Гуруснаам, нагуфта будед?
– Гурусна будам.
– Дурӯғгӯй.
– Акнун илтимос: номатонро бигӯед.
– Ба ин эҳтиёҷе ҳаст?
– Магар нест?
– Ман аз шумо ҳеҷ савол накардаам ва намекунам.
– Фаҳмо. Зорӣ дорему зӯрӣ не.
Боз чанд бори дигар чеҳраи Шоҳида пеши назари ӯ ҷилвагар шуд. Лекин ӯ, чунон ки барои рафъи хоби гарони азиятовар мекунанд, чашмонашро зӯран кушодаву пӯшида, худро аз диданиҳо наҷот дод. Боз чанд маротиба савганди ба вафо ёдкардааш ба хотир расид.

пешина
аз 248
навбатӣ