Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Ниҳоят, рӯзе Вакилро таъҷилӣ ба табобатхонаи сохтмон даъват карданд. Занаш бо ранги канда, лабу даҳони кабудчатоб рӯи тахтакате мехобид. Барои оббозӣ ба баҳр баромада, аз соҳил хеле дур рафтааст. Хушбахтона, писарбачаҳои моҳигир аз дур дида, аз марг наҷот додаанд.
Вакил назди сардухтур даромада, дар бораи кайфияти ҳамсараш ҳар чиз медонист, як ба як гуфт. Гуфт, ки ин касал ҳанӯз дар Ватан сар шуда буд. Боре, мисли ҳаминрӯза аз кораш даъват карда оварониданд. Он дафъа Шоҳида ба сими электр даст зада, қариб ҳалок шуда буд.
Сардухтур Вакилро ба пеши сардори сохтмон бурд.
Рӯзи дигар Вакил оила ва кӯчи худро бардошта бо самолёт ба Ватан баргашт. Ва, инак, ба хидмати духтур Наққош омадааст. Ба ӯ одамон гуфтанд, ки Наққош чандин васвосиро сиҳат карда, ба ҳаёт баргардонидааст. Ба ӯ гуфтаанд, ки...
7 Духтур ба ҳикояти Вакил бо табассуми писхандомез гӯш медод. Барои ӯ нағз аён буд, ки Вакил ҳамин қадар ҳикоят гуфта бошад ҳам, ба саволи ӯ ҷавоб надод, он чизеро, ки дар навбати аввал гуфтан зарур буд, нагуфт.
Басо навъу намудҳои дардмандони асаб ҳастанд. Як қисми эшон рози дилашонро рӯйрост ва ошкоро гуфта медиҳанд. Модоме ки, ба ибораи худи табибон, механизми табобат ба тарзи пайдоиш ва ҷараёни беморӣ вобаста бошад, илоҷ чист? Даст рӯи сина гузореду бо дили соф буду шуди воқеаро бигӯед.
Бале, гуфтан шарт. Шарти шифо ёфта, ба ҳаёт баргаштан. Дар сурате, ки ҳар як нақли корафтода ба духтур барои таъини роҳу равиши муолиҷа зарур аст, дар сурате, ки ҳар як ривоят, ҳикоят барои ӯ дареро боз мекунад, ки ӯ аз он дар ба олами ношиноси шахси мариз сар дароварда, манбаи маразро мебинад ва тадқиқу таҳқиқ мекунад, рози дилро фошофош бояд гуфт. Хусусан агар тақдири бемор баландӣ карда (рост-дия, ҷин занад ҳоксория!), ба дасти мутахассиси донишманд афтода бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё