Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Пас аз сиҳат шуда, ба кор баромадан дӯстонаш низ ӯро панд мехонанд, мегӯянд, ки ҳар гуна андешаҳои беасоси беҳударо аз сар дур андозад, зеро Мария Грация барин зани покдоман дар ҳаёт кам вомехӯрад.
Ва Андрео аз таъсири насиҳат ва саргузашти рӯзҳои охир ба риққат омада, ба хона телефон мекунад ва аз занаш узр мехоҳад, ки ҳамин қадар вақт аз ӯ ноҳақ бадгумон буд ва боиси озораш мегардид.
– Хайр, ба гузашта салавот! – мегӯяд дар ҷавоб Мария Грация, ки дар рӯи диван менишаст. – Ман аз гуноҳи ту даргузаштам. Муҳимтар аз ҳама он ки мо ба ҳамдигар содиқем.
Ин дам аппарат оҳиста-оҳиста дур меравад ва тамошобин мебинад, ки ҳамон ҷавони зебо рӯи диван сар ба зонуи Мария Грация ниҳода мехобад...
Вакил ҳангоми намоиши филм чандин маротиба ҳис кард, ки занаш дар толори торик ба экран не, балки ба андоми ӯ чашм дӯхтааст ва бодиққат муоина мекунад, ки дар рӯи шавҳараш чӣ ифодае акс меёбад. Равшан буд, ки Шоҳида ин филмро худи ҳамон рӯз дидааст ва дубора фақат барои нишон додан ба шавҳараш ба ин ҷо омадааст.
Онҳо ба кӯча баромада, муддате пиёда роҳ мерафтанд.
Шоҳида хомӯш буд.
Вакил гуфт:
– Як зарбулмасали қадима ҳаст, зарбулмасали ноодилона нисбат ба ҷинсӣ зан: «Дарахти макри зан сад реша дорад, фалак аз макри зан андеша дорад». Ин филм ифодаи кинематографии ҳамон гап аст ва ба ҳамон андоза ноодилона аст нисбат ба занон.
Шоҳида боз чизе нагуфт. Ҳатто нагуфт, ки филм на фақат ба занҳо дахл дорад ва ҳол он ки ӯ шавҳари худро маҳз барои талқини ҳамин фикр ба тамошои ин чиз оварда буд.
Баъд аз ин Шоҳида камгап шуд. Хаёлмандона роҳ мегашт. Қариб рӯзе набуд, ки зарферо аз даст афтонида нашканад. Ба писараки хурдӣ, ки ҳамроҳашон оварда буданд, дуруст нигоҳ намекард. Гоҳо кӯдак дар талаби ягон чиз мегирист, даҳ-бист дақиқа мегирист, вале модар банди хаёлоти гарони худ гӯё садои ӯро намешунид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё