Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Бардошт кунед, мефаҳмед.
Ин ҷо ӯ бояд мазмуни мухтасари филмро нақл кунад. Чунин нуктаро низ бояд қаблан таъкид кунад, ки дарвозаҳои бозори он мамлакат ба чаҳор ҷониби олам баробар яла буданд. Аз ҷумла дар бозори китоб ва кинофилм барин ғизоҳои маънавӣ ҳам ҳар кӣ пешдаст буд, бештар мол мефурӯхт.
Филм аслан италиёвӣ буда, айнан тарҷума шавад, «Шохдори беназир» ном дошт. Аврупоиён одатан ба марде, ки занаш бо марди дигар аз рӯи ишқ ё фисқ алоқа бастаасту худи ӯ аз ии ҳол бехабар аст, «шохдор» ё «шохбароварда»
лақаб медиҳанд.
Шоҳида хеле дар изтироб буд. Ноором, канда-канда сухан мегуфт. Аз дасти шавҳар дошта, аз байни издиҳоми тамошобинон бошитоб кашолакунон ба толори нимторик ба ҷои нишасташон мебурд.
Филм сар шуд. Касе дар зери экран нишаста, матни онро ба воситаи микрофон ба забони маҳаллӣ тарҷума мекард.
Андрео ном марди гармчеҳра ва хушпайкар соҳиби муассисаи кулоҳдӯзӣ будааст. Занаш Мария Грация, яъне Марияи соҳибҷамолро беҳад дӯст медоштааст. Рузе аз рӯзҳо ҳодисае рӯй медиҳаду дар дили Андрео ба покдомании зан шубҳа пайдо мегардад. Шубҳа торафт қувват гирифта, ба рашки сӯзон табдил меёбад ва сабру қарор аз вуҷуди Андрео мерабояд.
Мария Грация ба ҳотеле меравад, то дар машшотахонаи он гесувони худро шона занонад ва пардоз бидиҳад. Ба назари шавҳар чунин менамояд, ки ҷавонмарде ҳамсари ӯро ба як хона дароварда, либосҳои ӯро паси ҳам аз танаш дур меандозад...
Бори дигар Андрео мебинад, ки зан бо дугонаи худ дар назди биное бо ду марди бегона мулоқот мекунанд. Баъд ҳар чаҳор нафар вориди бино мешаванд. Хаёли шавҳар ба тасвири саҳнаҳои ҷонфигор шурӯъ мекунад. Аммо чун худ ба андаруни бино даромада, занашро ҷустуҷӯ мекунад, ӯро дар толоре мебинад, ки паҳлуи дугонааш рӯи хараке нишаста, ба тамошои рақси духтарон машғул аст.

пешина
аз 248
навбатӣ