Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
– Ба ман мадад кунед, духтур, – таваллоомез мегуфт ӯ он рӯз дар сари мизи Наққош рост истода.
– Нишинед. Ба шумо чӣ шудааст? Чӣ дард доред?
– Ман не. Занам касал. Васвосӣ. Мо се фарзанд дорем. Се писар. Сағир мемонанд, бемодар, беёвар мемонанд. Охир калониаш акнун ҳаштсола мешавад, – дар чашмонаш ашк ҳалқа зад.
Муддате ҳар ду хомӯш монданд. Аз мили дастшӯяки кунҷи кабинет чик-чик об мечакид. Наққош хеста, мурвати милро сахттар тофт. Чик-чик қатъ гардид.
– Ба фикри худкушӣ афтодааст. Сарам сих мондааст, духтур. Намедонам, чӣ кунам...
– Нақл кунед. Ҳар чиз медонед, бигӯед.
Вакил ба сукут рафт.
Манзараи шинос, манзараи муқаррарӣ. Айнан ҳамин гуна аҳвол бо аксари беморон рӯй медиҳад: омада, аз дарди харобиовар шиква мекунанд, мегӯянд, ки имрӯз ё фардо оила вайрон мешавад, кӯдакони маъсум бепадару модар мемонанд. Ё ҳатто ба ягон шахси наздикашон хавфи марг таҳдид мекунад, чунон ки ин гуна рӯзи тира ҳоло ба сари Шоҳида омадааст.
Бале, дуру дароз шикоят мекунанд, мадад хоста лобаву зорӣ мекунанд, аммо фармоед, ки қиссаро нақл кунед, сабабҳои пайдоиши носозӣ ё ихтилофро ошкор бигӯед, забонашон якбора лол мегардад.
6 Дар он мамлакат мутахассисони мо иншооти калоне месохтанд. Вакил бо касби худ – кафшери электр машғул буд.
Як бегоҳӣ ба тамом шудани кор ним соат монда буд, ки дар саҳни сохтмон Шоҳида пайдо шуд. Вакил дар болои манораи баландиаш баробари иморати даҳ ошёна бо пайванди оҳанинпанҷара машғул буд.
Занаш бо имову ишора фаҳмонид, ки ӯро дар ҳамон ҷо мунтазир хоҳад шуд.
Вакил саросема шустушӯ намуд, тағири либос кард ва ҳарду бо исрори Шоҳида ба сӯи кинотеатр равон шуданд.
– Барои чӣ маҳз ҳозир ба кино? – бо тааҷҷуб пурсид Вакил.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё