Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Саидбек аввалҳо аз вуҷуди қанди ширину бомазаи какавдор дар кӯлбор хабаре надошт. Худи Райҳон рӯзе пурсид, ки чаро дадаҷонаш канфети вай додаро намехӯрад?
– Кадом конфет, духтарам?
– «Калидаки заррин» чӣ? Ба кисаи кӯлборатон мондамку!
– Ҳа, ҳа, мехӯрам, духтарам. Ба хаёлам, як-дутаашро хӯрдам. Боракалло, Райҳонакам, – шояд ба раъйи фарзанд рафта, аз дилаш бофта гуфт падар.
– Не, нахӯрдаед. Бистта буд, дина шумурдам, ҳозир ҳам биста.
– Ту канфета мешуморӣ, духтарам? Барои чӣ?
– Барои ки очам мегӯд. Аз панҷта мӯл нагир, мегӯд. Мӯл хӯрӣ, дандонат лиққонак мешавад, сонӣ вая муш мебарад...
– Ҳм, пас ту аз ҳаққи худат, аз ҳамон панҷтагӣ ирис ба ман чудо мекардӣ?
– Ҳа-а-а! Аз ҳаққи худам! Ҳар рӯз яктагӣ! Э шумо чӣ хел, дадаҷон, нафаҳмидед-а? – мад кашида, бо оҳанги дилтангона ва шодиву таънаомезе гуфт Райҳон, ки чунин оҳанг дар гуфтори кас баъди ғалабаи душворе дар кори мушкил, масалан, пас аз фаҳмонидани як ҳақиқати оддӣ ба шахси кундзеҳн пайдо мешавад. – Ҳо-о рӯзи ба сирк рафтанамон сета канфет мондам, боз нафаҳмидед.
– Э офарин, ҷони ширини дадош, офарин Райҳонаки ман, булбулаки ман.
– Шумо ириса хӯред, ман боз мемонам. Сонӣ боз мемонам. Хай, дадаҷон, хай?
Овози гӯшнавози кӯдак гӯё аз ҳамин қарибӣ садо дод ва банохост Саидбекро хун ба сару рӯй заду мисли он ки ҷисмаш ба миёнаҷои гулхани азиме афтода, дар як они воҳид дудаш ба фазо печида бошад, аз нӯки пой то ба фарқи сар сахт тасфида рафт.
– Райҳон... Райҳонакам! – нолишомез ва бо дард ба кадом як нуқтаи осмони кушод чашм дӯхта, пичиррос зад Саидбек.
– Қариб монда буд, ки ятимча шавӣ.
Аз ин маҳлака ҷон ба саломат барам, ба касе чизе намегӯям, шикоят намекунам, ривоят намекунам, рост ба идора мераваму аз сари мизаш ба мобайни кабинет кашида бароварда, муддаои табъ мекӯбам, пас аз дақиқае дар дилаш аҳд кард Саидбек.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё